Имрӯз, 14-уми октябр овозхони ҷавон Меҳрнигори Рустам зодрӯз дорад ва пахши намоҳанги ҷадидаш бо номи “Нашав ошиқ” ба ин рӯз рост омад.

Намоҳангро давоми 4 соати пахшаш дар саҳифаи “Mehrnigor Rustam” дар шабакаи YouTube наздики ду ҳазор нафар тамошо карда, ба сифати навор ва танзими садо баҳои баланд додаанд.

Меҳрнигор корти сабз (Green Card)-и Амрикоро ба даст овард ва айни замон дар хориҷи кишвар зиндагӣ дорад. Намоҳанги мазкур нахустин кори эҷодии овозхон баъди рафтанаш аз Тоҷикистон мебошад.

Намоҳанг дар шаҳри Душанбе сабт гардида, матни тарона ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ба матн худи Меҳрнигор оҳанг бастааст. Афсонаи Рустам, модари овозхон продюсери намоҳанг гуфта мешавад.

Дар баробари Шабнами Сурайё ва Орзу Исоев, имрӯз Меҳрнигори Рустам низ ҷашни мавлуд дорад. Овозхон имсол 25-солагии худро дур аз Ватан таҷлил кард.

Меҳрнигори Рустам 14-уми октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ҳанӯз замони 5-сола буданаш суруд мехонд ва қариб 20 сол мешавад, ки дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ мекунад. Бародари ягонаи овозхон Сафармуҳаммади Рустам низ касби авлодии худ овозхониро идома дода истодааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here