Ду китоби шоири зиндаёд, устод Лоиқ Шералӣ дар арафаи зодрӯзи шоир дар Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст, дар ин бора Исмоил Зарифӣ ба сомонаи “Padida” иттилоъ дод.

Китоби “101 ғазал” бо забони тоҷикӣ ва “Онагинам” бо забони ӯзбекӣ нашр гардида, Асадуллоҳ Исмоилзода ва Одил Икром ташаббускорони ин иқдом мебошанд.

“Дар китоби “101 ғазал” Асадуллоҳ Исмоилзода, шоир ва тарҷумони беҳамто беҳтарин ғазалҳои устод Лоиқро гирд овардааст. Дар китоби “Онагинам” бошад, 58 шеъри ба модар бахшидаи шоир аз тарафи Одил Икром, тарҷумони пуркор ба забони ӯзбекӣ баргардонида шудааст”,-иброз намуд Исмоил Зарифӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida”.

Китоби “101 ғазал” бо теъдоди 100 нусха аз ҷониби нашриёти “GOLD-PRINT NASHR” ва “Онагинам” бо теъдоди 3000 нусха дар нашриёти “Noshirlik yogdusi”-и шаҳри Тошканд бо сифати баланд аз чоп баромадаанд.

Ёдовар мешавем, ки китоби “Онагинам” бори аввал хонандагони ӯзбекро бо ашъори ба модар бахшидаи шоир ба таври комил ошно месозад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here