Гурӯҳи ҳаҷвии “Территория юмора”  нашри махсусу тобистонаи худро барои ҷавонон ва донишҷӯён рӯзҳои наздик тақдим хоҳанд кард.

Баргузории ин барномаи ҳаҷвӣ санаи 6-уми июл, соати 16:00 дар толори тармимшудаи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Ах лето, вах лето” дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки нашри навбатии ин гурӯҳи ҳаҷвӣ тобистона буда, саҳнаҳо махсус барои ҷавонон ва донишҷӯён намоиш дода мешаванд.

Ташкилкунандаи барномаи ҳаҷвӣ Ширкати телевизион ва радио “Азия” буда, сарпарастон афшура ва нӯшокиҳои “Merci Baku” ва маҳсулоти ҳасибии “Файзи Расул” мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи ҳаҷвии “Территория юмора” дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва аъзоёни гурӯҳ аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод интихоб шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here