Анди Мададиён сарояндаи шинохтаи ҷаҳон соундтреки филми “Муборизи америкоӣ” (“Американский боец”) – ро иҷро кард. Суруд дар бораи ҷавони эронӣ қисса мекунад.

Бино ба иттилои нашркардаи сароянда дар саҳифаи расмии худ дар инстаграм, матни суруд дар бораи донишҷӯйи эроние қисса мекунад.

View this post on Instagram

The new music video out today. Andy “the Good Fight” from the motion picture “American Fighter “ coming out summer of 2020. It’s the story of a young Iranian college student in America who must fight to raise money to bring his mom to America from Iran. Story of resilience and commitment to family and love . Words and Music :Shani Rigsbee Directed by:Shani Rigsbee/Eduardo Ramirez Gonzalez Director of Photography: Eduardo Ramirez – Gonzalez Editor: Jose Ho – Guanipa Color and Conform: Cynthia Chen Post Production Supervisor: Narbeh Tatoussian Make up: Alex Storm Featuring: George Kosturos Music Video Producer: Andy Madadian, Shani Rigsbee, Narbeh Tatoussian Words and Music: Shani Rigsbee Cherokee Charm Music Producer: Andy Madadian, Shani Rigsbee Arrangement: Masaki Saito Cherokee Music Group 2020 Shot on location at Hayastan MMA Academy in Los Angeles @andymusic1 @shanirigsbee @georgekosturos @aliafsharesx @esxentertainment @espnmma @mma @mma

A post shared by Andymadadian (@andymusic1) on

“Ҷавон дар Коллеҷи Амрико таҳсил мекунад. Ӯ бо азобу машаққат маблағ ҷамъ меорад, то модари худро аз Эрон ба Амрико биёрад. Филм дар бораи истодгарӣ ва боварӣ қисса мекунад” -, навиштааст Анди.

Матни суруд ба коргардони намоҳанг Шани Ригсби, ҳамсари сароянда тааллуқ дорад. Оҳангро худи сароянда бастааст.

Анди бо Шани моҳи ноябри соли 2011 бо ҳам издивоҷ намуда буданд. Издивоҷи онҳо таърихи 11.11.2011 соати 11:11 дар Амрико ба иттифоқ афтода буд.

Дар назар аст, ки филми мазкур фасли тобистони соли 2020 ба намоиш гузошта шавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here