Нависандаи нозукбаёни тоҷик Сорбон, чанд рӯз пас 80-сола мешавад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба мавлуди нависанда маҳфили адабӣ-фарҳанӣ баргузор менамояд. 

Маҳфил рӯзи душанбе, 27-уми январ, соати 14 дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мегардад.

Инчунин дар маҳфил, гуфтугӯйе озод дар боби офаридаҳои нависанда сурат хоҳад гирифт. Дар маҳфил аҳли илму адаб ва овозхонҳои маъруф – устодон Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев ва Ҷовидон Нозимов ширкат мекунанд.

Даромадан ба маҳфил озод аст.

Маълумотнома :

СОРБОН (Пури Хамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.

Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.

То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.

Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here