Маркази фарҳангии “Бохтар” барои дарёфти навозандагони ҷавон дар соли 2019 озмуни навбатии “Ҷоизаи мусиқии Боб” (“Bob’s Music Award”)-ро эълон намудааст.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну солаш аз 18 то 28-сола аст, метавонад мусиқии навохтаи худро дар шакли якка ё гурӯҳӣ тариқи видео сабт намуда, ба озмуни мазкур пешниҳод намояд.

Озмуни миллии суруди аслии “Ҷоизаи мусиқии Боб” аз ду давр иборат мебошад. Даври аввал аз 11-уми марти соли 2019 оғоз гардида, то 30-юми июни соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Дар ин муддат хоҳишмандон метавонанд, ки аризаи худро бинависанд ва бо пешниҳоди навори мусиқӣ иштирокчии озмун шаванд.

Баъди аз назар гузаронидани наворҳои мусиқӣ аз ҷониби коршиносон, даҳ нафари беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Даври дуюм моҳи сентябр дар шакли консерти калон баргузор мегардад ва аз миёни даҳ нафар се навозандаи беҳтаринро ҳакамони озмун муайян мекунанд.

Шарти асосии озмун пешниҳоди навори мусиқии аслии давомнокиаш на кам аз 5 дақиқа буда, муаллиф метавонад танҳо ё гурӯҳӣ мусиқиро навохта пешниҳод намояд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд.

Вазифаи асосии озмун ҳавасмандкунии навозандагони ҷавон ва ба ҷаҳон муаррифӣ намудани фарҳанги Тоҷикистон буда, ҳадафи лоиҳа барпо намудани муколамаи фарҳангӣ байни минтақаҳои мухталифи кишвар мебошад.

Озмуни мазкур ба номи Боб Ливерингтон, сардори шӯъбаи рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Осиёи миёна номгузорӣ шудааст. Боб мусиқии тоҷикро хеле зиёд дӯст медоштааст, вале мутаассифона ӯ дигар дар қайди ҳаёт нест.

Барои гирифтани маълумоти бештар ва пур кардани анкетаву иштирок дар озмун ба сомонаи расмии озмун www.bobsmusicaward.tj ворид бишавед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here