Овозхони шинохтаи кишвар Шабнами Сурайё ва модару хоҳараш ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе консерти хайриявӣ баргузор намоянд.

Қарор аст, консерт санаҳои 24-25-уми август дар Муассисаи давлатии Амфитеатри “Аҳорун”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Нест бод сил” баргузор бигардад.

Дар баробари Шабнами Сурайё, модараш Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва хоҳараш овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед низ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Консерт бо ташаббуси Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкил ва баргузор хоҳад гашт.

Шабнами Сурайё аз моҳи сентябри соли 2018 ба ҳаракати байналмилалии “Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид сарпарастӣ мешавад, пайваст мебошад.

Овозхон ҳамчун қосиди СММ вазифадор шудааст, ки то соли 2030 дар самти ҷилавгирӣ аз афзоиши гирифторӣ ба бемории сил саҳмгузор шавад ва ин барномаи консертӣ низ маҳз ба ҳамин хотир аст.

Ин аввалин амали хайри овозхон набуда, соли гузашта ӯ 37-солагии худро дар ҳалқаи кӯдакони бепарастор таҷлил карда, ба 90 нафар кӯдак сару либос ва хӯроки яквақта тақдим карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here