Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова овозаи аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд кӯчиданашро рад кардааст.

Овозхон дар сӯҳбат бо хабарнигори ТВР “Танин” гуфтааст, ки ба шаҳри Хуҷанд накӯчидааст ва ин ҷо танҳо ба хотири корҳои шахсиву истироҳат меояд.

“Ман аз охири соли 2006 инҷониб дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ин ҷо (Хуҷанд) зиёдтар, ки кор дорам, зуд-зуд меоям. Ягон-ягон омада истиқомат мекунам, бо фарзандонам истироҳат мекунем. Аслан, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорам”,-шарҳ додааст Нигина Амонқулова.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки давоми 13 соли дар пойтахт иқомат доштанаш боре ҳам фикри ба шаҳри Хуҷанд кӯчиданро накардааст.

Чанде қабл Нигина Амонқулова дар барномаи интернетии “Ногуфтаҳо” меҳмон шуда, дар хусуси душвориҳои аввали ба пойтахт омаданаш ҳарф зада буд. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд ӯ тарки Душанбе накард.

“Аввали омаданамон на танҳо ба ман, балки барои падару модарам ҳам душвор буд. Зеро лаҳча дигар аст, муносибати мардум каме фарқ мекунад. Бароямон душвор буд, лекин волидонам маро танҳо гузошта рафтан нахостанд”,-тавзеҳ дода буд Нигина Амонқулова.

Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи кишвар буда, бо интихоби дурусти шеъру оҳанг ва арҷ гузоштан ба фарҳанги либоспӯшии миллӣ миёни ҷомеа маҳбубияти хоса дорад.

Шурӯъ аз соли 2006 сокини пойтахт аст ва ҳамин ҷо барои мухлисонаш эҷод мекунаду ҳунару санъати худро такмил медиҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here