Соли 2018 баъди чанд муддати кампайдо буданаш Нигинаро дар ҷашни 8-солагии Кохи ҷавоҳироти “Ақиқа” пайдо намуданд. Сабаби як муддат аз саҳна дур буданашро сароянда ба бори дигар модар шуданаш рабт дод. Дар охири соли 2017 Нигина аз издивоҷи дуюмаш бори дигар модар шуд ва ба писарчааш Довудҷон ном ниҳодааст.

Нигина Амонқулова – сарояндаи маъруфу маҳбуби кишвар, иҷрокунандаи сурудҳои миллӣ ва оҳангҳои халқӣ 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дида ба олами ҳастӣ боз намудааст. Падараш ронанда ва модараш ба ҳайси муҳосиб кор мекарданд. Нигина духтари яккаву ягонаи хонадон буда, чор бародари дигар дорад. Бародари калонияш Хуршед ҳамчун соҳибкор ба тиҷорат машғул аст. Хусрав хатмкардаи Коллеҷи мусиқӣ буда, айни замон фаъолияти овозхонии худро идома дода истодааст. Бародари сеюмаш Хайём устои чӯб ва чорумӣ Ҳомидҷон аз паи илмомӯзӣ аст.

Нигина мактаби мусиқиро хатм накардааст, вале меҳру муҳаббати беандоза нисбати суруду мусиқӣ ӯро ба рӯи саҳна овард. Аслан ҳунари овозхонӣ барои оилаи онҳо меросӣ мебошад, зеро бобокалонаш бо асбоби рубоб овозхонӣ мекард. Аммаҳояш низ гоҳо гирди сандалӣ ҷамъ шуда сурудхонӣ мекарданд. Вақте ки Нигина мактаби миёнаро хатм кард, бори аввал дар базми занги охир назди мардум бо суруди “Алвидоъ, мактаб!” баромад карда, ҳамаро ба ҳайрат овард. Касе аз чунин истеъдоди ин духтараки деҳотӣ хабар надошт, зеро Нигина фақат барои худ суруд мехонд. Пас аз хатми мактаби миёна Нигина ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент супорида, ба орзуи худ ҷомаи амал пӯшонид. Ҳарчанд хуни сарояндагӣ дар рагҳояш ҷорӣ буду истеъдоди нотакрор дошт, аммо ҳамеша дар дил орзуи ҳамшира шуданро мепарварид. Ва ҳамшира ҳам шуд, ҳамширае, ки тавассути суруду мусиқии баландмазмун метавонад захмҳора шифо бахшад.

Тӯли чанд соле, ки Нигина дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил мекард, дар ҳама ҷашну маҳфилҳои сатҳи шаҳрӣ ба ҳайси овозхони суруду оҳангҳои халқӣ даъват мешуд. Овозхон ин таклифро бо камоли майл қабул карда, дар ҳама маҳфилҳо бо як сабку услуби ба худ хос баромад мекард ва хотири мардумро шод мегардонид. Соли 2006 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни “Андалеб-2006” баргузор гардид ва Нигина якҷоя бо ансамбли шаҳри Панҷакент баромад намуда, ба фаъолияти эҷодии худ оғоз бахшид. Ӯ дар озмуни мазкур бо суруди халқии “Дар лаби обе” ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсин гардид. Худи сароянда дар як мусоҳибааш қайд кардааст, ки ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки овозхони касбӣ мешавад ва мардум ӯро ин қадар хуб қабул мекунанд, зеро волидонаш ба интихоби духтарашон он қадар розӣ набуданд.

Худи ҳамон сол Коллеҷи тиббиро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, таҳсилро дар ихтисоси коргардон-таҳиягар давом додааст. Аз ин интихоби Нигина падару модараш розӣ набуданд ва онҳо соҳаи санъату эҷодро кори ҷиддӣ намеҳисобиданд. Вале бибии Нигина, ки ҳамеша дар бари наберааш буд, ӯро дастгириву дилбардорӣ мекард. Соле баъд донишҷӯи Консерваторияи миллӣ шуд ва яккахони ансамбли “Дарё” таъйин гардид. Барои худ манзили истиқоматӣ ва автомошинаи шахсӣ харид. Бо ин ҳама зиддият аз по наафтида, дар ҷои худ устувор истод. Ӯ дар як вақт ҳам ба кору ҳам ба таҳсил рафта наметавонист, бинобар ин аз шӯъбаи рӯзона ба шӯъбаи ғоибона гузашт. Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева ва Аслиддин Низомов аввалин устодони ин донишҷӯдухтари боистеъдод буданд.

Соли 2007 Нигина ба писари аммааш Фирӯз ба шавҳар баромад. Фирӯз соҳибкор шуда кор мекард ва ба корҳои эҷодии ҳамсараш зиддият нишон намедод. Ӯ баръакс мефахрид ва кӯшиш мекард, ки барои рушди ҳунари ҳамсараш кӯмаке карда бошад. Соли 2008 онҳо соҳиби шоҳписаре шуданд ва ба ӯ Аъзамҷон ном ниҳоданд. Нигина ба рӯзноманигорон дар бораи ҳаёти паси саҳнавии худ ҳарф заданро дӯст намедорад ва аз ҳамин ҷост, ки дар бораи оилаи ӯ маълумоти хеле кам дар сомонаҳои интернетӣ вуҷуд дорад. Соли 2018 баъди чанд муддати кампайдо буданаш Нигинаро дар ҷашни 8-солагии Кохи ҷавоҳирот “Ақиқа” пайдо намуданд. Сабаби як муддат аз саҳна дур буданашро сароянда ба бори дигар модар шуданаш рабт дод. Дар охири соли 2017 Нигина аз издивоҷи дуюмаш бори дигар модар шуд ва ба писарчааш Довудҷон ном ниҳодааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки овозхон чанд сол қабл аз шавҳари аввалааш бо сабабҳои номаълум ҷудо гашта, бори дуюм издивоҷ кард. Дар бораи падари фарзандонаш мисли аксар ҳунармандон Нигина ҳам чизе гуфтан намехоҳад.

Нигина Амонқулова ба ғайр аз овозхони номӣ ва ҳамшираи шавқат буданаш, инчунин, тарроҳи гулдаст низ ҳаст. Ӯ худ борҳо қайд кардааст, ки кашидани тарҳи либосҳои миллӣ ва дӯхтани онҳоро беҳад дӯст медорад. Ин касбро низ дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ дар худи шаҳри Панҷакент омӯхтааст. Қисми зиёди пироҳанҳои зебову миллие, ки имрӯз ин бонуи ҳунар ба бар мекунад, маҳсули дасти худаш аст. Қисми дигарро бошад, тарроҳи махсусаш барояш омода мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки мухлисони Нигина ӯро на танҳо ба хотири садои ширин ва шеъру оҳанги баландмазмунаш, балки ба тарзи либоспӯшӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ дӯсташ медоранду гиромияш мешуморанд.

Нигина соли 2006 пас аз иштирокаш дар Фестивал озмуни “Андалеб-2006” ба фаъолияти эҷодии худ оғоз бахшид. Он солҳо Манижа Давлатова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин ва Ҷонибек Муродов аз зумраи ҳунармандони муваффақ ва пешқадами кишвар маҳсуб меёфтанд. Нигина бошад, дар муддати кӯтоҳ тавонист дар қатори ин сарояндаҳо ҷо бигирад. Имрӯз номи Нигина дар радифи номи беҳтарин ва маҳбубтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ садо медиҳад. Ӯ аз соли 2014 инҷониб барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии “Суруди сол” ва аз соли 2016 барандаи ҳамасолаи ҷоизаи “Tamoshow Music Awards” мебошад.

Соли 2014 бо суруди “Ватан”, соли 2015 бо таронаи “Диламро хун намудӣ”, соли 2016 бо суруди “Ёри хуморӣ” ва соли 2017 бо таронаи “То ту пейдо шудӣ”, ки бо лаҳни эронӣ сароида шудааст, Нигина сазовори ҷоизаи “Суруди сол” гардидааст. Маросими навбатии ҷоизасупории озмуни “Суруди сол 2018”, ки қарор аст дар соли 2019 ба беҳтаринҳо супорида шавад, боварӣ дорем, ки Нигина низ аз сафи беҳтаринҳо ихтисор нахоҳад шуд. Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола ба маросими ҷоизасупории “Tamoshow Music Awards” даъват мешавад ва барои консерту клипҳои беҳтаринаш соҳиби ҷоизаи мазкур мегардад.

Нигина аз замони ба саҳна омаданаш бо қисми зиёди сарояндагони кишвар ҳамкорӣ дорад ва бо бархе аз онҳо дуэт низ сароидааст. Бо Файзалӣ Фозилов (Бевафо), Шаҳроми Абӯбакр (Мову ту), Шӯҳрат Сайнаков (Даргилум), Дамирбек Олимов (Зиндагӣ, Ранҷидаӣ, Мавригӣ, Моҳи Зарафшон), Далер Хонзода (Афсона), Тобиш Ҳилолӣ (Ватан), Фотима Машрабова (Гул бо рӯяте), Хусрав Амонқулов (Дунё, Ҳамроз) сурудҳои якҷоя хондааст. Даврони Раҳматзод барои Нигина беҳтарин оҳангҳо ва Орзу Исоев бошад, ҷолибтарин таронаҳоро иншо менамоянд. Тӯли як соли охир Нигина худ ба оҳангсозӣ рӯ овардаву барои худ оҳанг эҷод мекунад.

Имсол 13 сол мешавад, ки Нигина дар рӯи саҳнаи ҳунар аст ва зиёда аз 7 албоми таронаҳои худро пешкаши ҳаводорони савту навояш гардонидааст. Сурудҳои “Дар оғӯши ту мемирам”, “Маро муҳаббати ту кушт”, “Дилнома”, “Бовар накардам”, “Ёри мусофир”, “Ширинҷон”, “Шоду шод” беҳтарин ва пурбинандатарин таронаҳои овозхон ба шумор рафта, дар шабакаи YouTube ҳадди 3 миллионро убур кардаанд. Суруду таронаҳои ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон гӯш мекунанду мухлиси ҳунараш ҳастанд. Чандин маротиба бо барномаҳои рангини консертӣ меҳмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсия Руссия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардидааст. Соли 2018 дар се шаҳри ИМА барномаи консертӣ барпо намуда, хотири тоҷикони муқими Амрикоро шод гардонид.

Мавод бо такя ба википедия ва сомонаҳои хабарии тоҷик омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here