Имрӯз, 14-уми октябр овозхони маъруфи кишвар Шабнами Сурайё ва рӯзноманигору шоири соҳибқалам Орзу Исоев ҷашни мавлуд доранд.

Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳамкасбони худро ба муносибати солгарди умрашон дар саҳифаи Инстаграми худ самимона табрику шодбош намудааст.

“Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту, гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод, дар ҳайрати ту хоб аст. Зодрӯз муборак, акаҷон”, -бо ин мисраъҳо овозхон Орзу Исоевро табрик кардааст.

Нигина Амонқулова ва Орзу Исоев аз замони ба саҳна қадам ниҳодани Нигина ҳамкорӣ доранд ва қисми зиёди таронаҳои иҷрокардаи Нигина ба қадами Орзу Исоев мутааллиқ аст.

Орзу Исоев 14-уми октябри соли 1976 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2001) мебошад. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Ҳамчунин, имрӯз бонуи ҳунар Шабнами Сурайё низ ҷашни мавлуд дорад. Соли гузашта овозхон мавлуди худро на дар тарабхонаву ҳалқаи дӯстон, балки дар ятимхона ҳамроҳи кӯдакон гузаронида буд.

Нигина Амонқулова бо дигар санъаткорон муносибати хуб дорад ва ҳамкасби худ Шабнами Сурайёро низ дар баробари Орзу Исоев шодбош гуфтааст.

“Мавлудат хуҷаста бод, апаҷон!
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.”

Шабнами Сурайё 14-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ба дунё омадааст. Имрӯз ӯ яке аз маъруфтарин ва муваффақтарин овозхони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки санъату фарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Ҳамин тавр, имсол Орзу Исоев 43-солагӣ ва Шабнами Сурайё 38-солагии худро ҷашн гирифтанд. Мо, аҳли эҷоди сомонаи фарҳангии “Padida” соҳибҷашнҳоро самимона табрику муборакбод намуда, дар кору пайкорашон бурдборӣ орзумандем.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here