Нигина Амонқулова, овозхони саршиноси кишвар меҳмони барномаи интернетии “Ногуфтаҳо” гардида, дар рафти сӯҳбат аз давраҳои кӯдакияш дар шаҳри Панҷакент, дар бораи оилаву фарзандон ва оиди мушкилиҳо дар роҳи санъат ёдовар шуда, аз ногуфтаҳояш қисса кардааст.

Муаллиф ва ровии барнома шоир ва рӯзноманигори тоҷик Орзу Исоев буда, худи барнома санаи 3-юми апрел дар канали “ORZU” дар шабакаи YouTube пахш гардидааст ва то имрӯз онро қариб 100 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Инчунин, Нигина каме ҳам бошад, дар бораи ҳаёти шахсии паси саҳнавияш, ки барои мухлисонаш ҷолиб мебошад, нақл кардааст.

“Рости гап, дар хусуси зиндагии шахсиям ба ман бисёр савол медиҳанд. Фақат ҳамин қадар мегӯям, ки зиндагии шахсии ман шахсан ба худам тааллуқ дорад, зеро намехоҳам фарзандонам, шавҳарам, падару модарам ва умуман хонаводаи ман зери таъсири зиндагии саҳнавии ман бошанд. Ҳаминро гуфта метавонам, ки зиндагии ман хуб аст, ки ман санъатамро идома дода истодаам”,-гуфтааст Нигина дар сӯҳбат бо Орзу Исоев.

Нигина Амонқулова низ чун аксар сарояндагон дар бораи ҳаёти шахсияш сӯҳбат карданро дӯст намедорад ва мудом аз ин мавзӯъ дурӣ меҷӯяд. Маврид ба ёдоварист, ки овозхон дар охири соли 2017 бори дуввум модар шуд ва писарчаашро Довудҷон ном гузошт. Имрӯз писари калонияш Аъзамҷон дар синфи 3-юм таҳсил мекунад ва Довудҷон якуним сола шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here