Имрӯз, 10-уми октябри соли ҷорӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе нишасти кории навбатии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори нишаст намояндагони Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, шахсони маъруфи соҳаи тиб, санъат, синамо, илму адаб, сомонаи фарҳангӣ-иттилоотии “Padida” ва дигарон иштирок доштанд.

Дар рӯзномаи нишаст мавзӯъҳои таҳлили нусхаи санади механизми фармоиши иҷтимоӣ дар мавзӯи сил, ифтитоҳи расмии торнамои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, ифтитоҳи истифодабарии воситаи баҳогузории доғгузорӣ дар атрофи бемории сил, таҳлил ва тасдиқи матни тарҷумаи тоҷикии “Эъломияи ҳуқуқи шахсони аз сил осебдида” баррасӣ гардид.

Нишасти кориро Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ҳусни оғоз бахшида, доир ба пешрафту норасоиҳои соҳаи силшиносӣ ва раванди таҳияи Стратегияи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар солҳои 2020-2025 ибрози назар кард.

Зимни суханронии худ Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба зарурати воридсозии механизми фармоиши иҷтимоии марбути сил ба Стратегияи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар солҳои 2020-2025, таҳкиму тавсеаи моделҳои муассири табобату дастгирии шахсони ба бемории сил гирифторшуда ва ҷалби таваҷҷӯҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мавзӯи сил таъкид намуд.

Аз рафти иҷрои нақшаи амалӣ аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” узви даста, рӯзноманигор Шаҳноз Комилзода маърӯза карда, ҳозиринро бо натиҷаҳои назаррас ошно намуд.

Дар идома намояндагони дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ” овозхони шинохта Нозияи Кароматулло, ҳаҷвнигор Ҷамшеди Ҳалим, шоири мардумӣ Хайриддини Хайрандеш ва дигарон перомуни мавзӯи сил ибрози андеша намуданд.

Дар анҷоми нишасти корӣ аз таъсиси торнамои расмии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (www.stoptb.tj) ва ифтитоҳи он Эҳсон Турсунов, корманди иртиботии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” иттилоъ дода, аз шарикон ва намояндагони ВАО хоҳиши ҳамкорӣ кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here