Рӯзноманигор Мӯмин Шокиров бо насби дурбин дар дохили мошини се ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон филмеро дар бораи онҳо ба навор гирифт.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сокинони кишвар маҷбур шуданд, барои пайдо кардани ҷои кор рӯ ба кишварҳои хориҷ биёранд. Беш аз ду миллион шаҳрвандон кишварро тарк карда, бештари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Рӯзноманигор Мӯмин Шокиров бо насби дурбин дар дохили мошини се ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон дар бораи онҳо филмеро ба навор гирифт.

  • Раҳмат Ҳайдарови 58-сола дар миёнаҳои соли 90-ум тиҷорати худро аз даст дод ва маҷбур шуд, барои кор ба Маскав биравад. Зану фарзанд ва набераҳои ӯ дар Душанбе буда, беш аз 20 сол мешавад, ки дар Русия кор мекунаду ба онҳо пул мефиристад.
  • Умед Рустамов ба ИМА муҳоҷир шуд. Ӯ барои омӯзиши забон ба шаҳри Ню-Йорк рафта, онҷо дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар коллеҷи Бруклин мехонад ва шабона кор мекунад. Умеди ягонаи ӯ ҳоло бурди корти сабз ё «грин-карта» аст.
  • Толиб Баҳронови 44-сола дар Душанбе монд. Зиндагии ӯ таъмини нафақаи зану се фарзандаш аст. Пас аз марги падар нафақаи бародарону хоҳарони хурдаш ҳам бар зиммаи Толиб вогузор шуд.

Филмро бахши русиягии Радиои Озодӣ бо дастгирии телевизиони «Настояшее Время» таҳия кардааст.

Сарчашмаи мавод: booms.tj

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here