Модел ва таэквондочии шинохтаи тоҷик Нодира Исоева ният дорад, ки пас аз оиладорӣ низ ба касбу кори худ чун қаблӣ идома бидиҳад.

Ин варзишгарбонуи муваффақ санаи 5-уми октябри имсол ба шавҳар баромад ва дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки шавҳараш дар дигар соҳа фаъолият кунад ҳам, ба идомаи касби ӯ зид нест ва баръакс ба қадри имкон кӯмакаш мекунад.

“Шавҳари ман “лётчик” мебошад. Касби ӯ аз касби ман фарқи калон дорад, вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ ба кори ман зиддият нишон намедиҳад. Пас аз оиладорӣ низ ман ба кори худ идома медиҳам”.

Ҳамчунин, Нодира афзуд, ки дар интихоби шавҳар на танҳо фикри худ, балки фикри падару модарашро низ ба инобат гирифта, имрӯз хушбахт аст ва аз бахти худ меболад.

Нодира Исоева ба ин навъи варзиш бо шарофати бародари хурдиаш рӯ овардааст. Ӯ қаблан ба таэквондо чандон аҳамият намедод, аммо ҳоло ин намуди варзишро дар баробари ҷонаш дӯст медорад ва 12 сол мешавад, ки дар ин самт фаъолият дорад.

“Бародари ман ба тамрини варзиши таэквондо машғул буд, вале ман он қадар аҳамият намедодам. Рӯзе бо мураббии бародарам, варзишгари маъруфи ин ришта Заррина Икромова вохӯрдам. Пас аз сӯҳбат ба ин навъи варзиш меҳр пайдо кардам ва хостам, ки мисли Заррина муваффақ бошам”.

Нахустин мусобиқаи ҷаҳонии ӯ соли 2010 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашта буд, ки ӯ якбора соҳиби се медали тилло гардид. Худи ҳамон сол дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус миёни намояндагони 50 кишвари олам дар мусобиқаи навбатии худ ширкат варзид ва сазовори ҷои дувум гашт.

Айни замон Нодира Устоди дараҷаи байналмилалӣ ва мураббии Маркази рушди таэквондо ва кикбоксинги шаҳри Душанбе мебошад. Қаҳрамони шашкаратаи Чемпионати Осиё буда, давоми 12 соли машғул буданаш ба ин риштаи варзиш дар зиёда 36 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва чандин маротиба парчамбардори Тоҷикистон шудааст.

Интихоби тарзи ҳаёти солим ва пайваста ба варзиш машғул шудан ба Нодира имконият медиҳад, ки ҷавону зебо ва хушпайкар бошад. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ дар баробари варзиши навъи таэквондо ба фаъолияти моделӣ низ машғул аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here