Имрӯз, 13-уми октябри соли ҷорӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ғижжакнавози маъруф ва ҳамсари овозхон Ҳасан Ҳайдар Ноҳид Зайналпур 49-сола шуд.

Ҳунарпеша дар ҳамин рӯзи соли 1970 ба дунё омадааст ва яке аз навозандаҳои маъруфу машҳури кишвар ба ҳисоб меравад. Тӯли қариб 20 сол аст, ки дар шаҳри Маскав кору иқомат дорад.

Ноҳид Зайналпур духтари Темур Зайналпур, муҳоҷири сиёсӣ аз Машҳади Эрон ва коргардони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мебошад. Ба гуфтаи худи навозанда шавқу рағбаташ ба ғижжак аз аслу решаҳои эронияш сарчашма мегирад.

“Дар Эрон ин сози мусиқӣ тақрибан дар ҳар хона садо медиҳад. Ман духтари муҳоҷири сиёсӣ аз Эронам. Вақте дар синни 6-солагӣ дар мактаби мусиқӣ салиқаи фавқулодаам дар ғижжакнавозӣ ошкор шуд, волидон изҳор доштанд, ки хушбахт хоҳанд буд, агар духтарашон ғижжакнавоз шавад”, -гуфтааст ҳунарпеша дар сӯҳбати соли қаблияш ба “Sputnik Тоҷикистон”.

Ҳунарпеша бо таассуф гуфт, ҳанӯз дар оғози роҳаш ба саҳнаи бузург дар Тоҷикистон нооромиҳо сар заданд ва бисёре аз мутахассисон кишварро тарк намуданд. Ноҳид он солҳо дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе кор карда, ҳамзамон, дар чорабиниҳои дигар, ба монанди тӯйу зодрӯзҳо ҳунарнамоӣ карда, рӯзашро мегузарондааст.

“Мо аввалину охирин нестем. Садҳо ҳазор ҳамватан бо вуҷуди доштани касб натавонистанд дар Ватан ҷойи кор пайдо кунанд. Аммо мо Ватанамонро хеле дӯст медорем ва ҳозир ҳам парчами кишварамонро боло мебардорем”, -афзудааст Зайналпур.

Ба гуфтаи Зайналпур солҳои аввали зиндагияш дар муҳоҷират мушкил буданд, аммо бо мурури замон шаҳрвандии Русия гирифт ва оилааш низ ба наздаш рафт. Ӯ афзуд, фарзандонаш дар Маскав таҳсил кардаву соҳибкасб шудаанд ва ин шаҳрро самимона дӯст медорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here