Академияи филми Амрико дар 92-юмин маросими супоридани ҷоизаи “Оскар” тағйирот ворид намудааст. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии “InterMedia” хабар додааст.

Тибқи иттилои Академияи филми Амрико, акнун барои иштирок дар номгӯи “Беҳтарин филми тасвирӣ” шарт нест, ки лоиҳаҳо дар давоми як сол ба кинотеатр пешниҳод бигарданд. Расм ва наворҳое, ки ба номгӯи “Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳмуддат” ва “Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳмуддати бадеӣ” пешниҳод мегарданд, танҳо дар кинотеатрҳои шаҳрҳои Ню-Йорк ва Лос Анҷелос намоиш дода мешаванд. Ғайр аз ин, номгӯи “Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ” ба “Беҳтарин филми байналмилалии бадеӣ” иваз карда шуд.

“Мо ба қароре омадем, ки фаҳмиши “хориҷӣ” дар ҷомеаи филмофарӣ кӯҳна шудааст. Ба ҳамин хотир, номгӯи “Филми байналмилалии бадеӣ” ба соҳаи санъат ва филмофарӣ ҳамчун таҷрибаи универсалӣ нигоҳи нав хоҳад буд”,-шарҳ додаанд, роҳбарони Кумитаи байналмилалии филмҳои бадеӣ Ларри Карашевски ва Дайан Вейерманн.

Тағйироти воридшуда ба номгӯҳои озмун қоидаҳои мавҷуда, раванди фиристодани филмҳо ва талаботҳои махсусро иваз намекунад. Филмҳои байналмилалии бадеӣ берун аз марзи Амрико бо забони ғайрианглисӣ ба навор гирифта мешаванд.

Рӯйхати филмҳои номгӯи “Беҳтарин филми байналмилалии бадеӣ” ҳамагӣ 10 ададро дар бар мегирад. Маросими 92-юми супоридани ҷоизаи “Оскар” санаи 9-уми феврали соли 2020 баргузор хоҳад гашт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here