Сомонаи амрикоии “Top Beauty World” рӯйхати 100 марди зеботарини ҷаҳонро аз қавли истифодабарандагонаш нашр намудааст.

Миёни онҳо бо исми 6 ҳунарманди машҳури турк, ки бо филмҳояшон ба тамошобинони тоҷик низ ошноянд, вохӯрдан мумкин аст.

Чағлар Эртуғрул, ҳунарманди синамо ва муҳандис миёни 100 нафар марди зеботарини ҷаҳон зинаи 85-умро ишғол кардааст. Ӯ зодаи шаҳри Измири Туркия мебошад ва ҳоло 31 сол дорад. Дар зиёда аз 17 филми истеҳсоли синамогарони турк нақш офаридааст.

Ҷои 71-ум ба Ҷон Яман, ҳунарманди машҳури синамо ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар силсилафилми “Паррандаи саҳархез” насиб кардааст. Ҷон 29 сол дорад ва дар шаҳри Истамбул ба дунё омадааст. Кулли филмҳои нақшофаридаи ин ҳунарманди ҷавон 5 ададро ташкил медиҳанд.

Мақоми 65-умро ҳунарманди синамо ва модел Карим Бурсин соҳиб шудааст. Ӯро ҳамагон аз силсилафилми “Дар интизори офтоб” мешиносанд. Карим соли 1987 дар шаҳри Истамбул таваллуд шуда, шумораи филмҳои нақшофаридааш қариб ба 10 адад мерасад.

Ҳунарманди театру синамо ва ровии телевизион Бариш Ардуч зинаи 43-юмро ишғол карда, тавонист ҳатто аз овозхони испанӣ Энрике Иглесиас пеш гузарад. Ӯ аслан дар Швейтсария ба дунё омадааст ва ҳоло 31 сол дорад. Дар 9 филми истеҳсоли синамогарони турк нақш офаридааст.

Киванч Татлитуғ, ҳунарманди синамо ва модел бо касби ҷои 38-ум тавонист аз Имрон Аббоси покистонӣ пеш гузарад. Киванч зодаи шаҳри Аданаи Туркия аст. Ҳоло 35 сола буда, дорандаи ҷоизаи “Беҳтарин модели Туркия” ва “Беҳтарин модели ҷаҳон” дар соли 2002 мебошад. Шумораи филмҳои нақшофаридааш 7 ададро ташкил медиҳад.

Ҳунарманд ва модели 28 сола Чағатой Улусой бо соҳиб шудани мақоми 6-ум аз 94 нафари дигар пешсаф аст. Ин мақом ба Чағатой аз рӯи овоздиҳии мухлисон ва истифодабарандагони сомона дода шуд. Ӯ дар шаҳри Истамбул ба дунё омада, дар зиёда аз 10 филм нақш бозидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷои якум насиби навозанда, модел ва овозхони бритонӣ Зайн Малик гардидааст. Акнун ӯ миёни 99 ҳунарманд аз тамоми ҷаҳон зеботарин дар соли 2019 мебошад.

Ҳамчунин, миёни бонувон низ панҷ нафар аз ҳунармандони турк тавонистанд мавқеи худро пайдо намоянд. Инҳо ҳунармандон Туба Буйукустун (ҷои 17), Марям Узерли (ҷои 40), Ҳазал Кая (ҷои 80), Фахрия Эвҷен (ҷои 84) ва Серенай Сарикая (ҷои 88) мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here