Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматулло ба дастаи “Қаҳрамонҳои мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” аъзо шуд.

Имрӯз дар доираи нишасти кории аъзоёни Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” Нозияи Кароматулло иштирок ва суханронӣ намуда, ваъда дод, ки ба гирифторони бемории сил кӯмак хоҳад кард.

“Кӯшиш мекунам, ки назари мо оид ба бемории сил ва табобати он тағйир ёбад. Мехоҳам воситаҳои баҳогузории доғгузорӣ дар гузашта бимонад. Гирифторони бемории силро бо суруду сухан табобат хоҳам кард. Ин ҳоло аввали кор аст, зеро ман тоза шурӯъ кардам”,-гуфт Нозияи Кароматулло зимни суханрониаш.

Аз ситораҳои санъати тоҷик аввалин шуда соли 2018 Шабнами Сурайё ба ҳаракати байналмилалии “Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил”, ки аз ҷониби СММ сарпарастӣ мешавад, пайваст шуд ва то соли 2030 муваззаф аст, ки саҳми худро дар ин самт бигузорад.

Ҳаҷвнигорон Бахтиёр Раҳимов, Ҷамшед Ҳалимов, шоир Хайрандеш, варзишгарон Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, ҳунарманд Нурулло Абдуллоев ва овозхон Нозияи Кароматулло низ ба ин ҳаракат аъзо шуда, дар якҷоягӣ гурӯҳи “Қаҳрамонҳо мо: НЕСТ БОД СИЛ”-ро таъсис додаанд.

Нозияи Кароматулло баъди оиладор ва соҳиби фарзанд шуданаш худро ба муддати зиёда аз чаҳор сол аз саҳнаву ҳаводоронаш дур кард. Пайваст шудан ба ин ҳаракати байналмилалӣ яке аз иқдомҳои неки овозхон баъди бозгашташ ба саҳнаи ҳунар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here