Нозияи Кароматулло сарояндаи номии кишвар таронаеро аз филми машҳури  “Байкери 3”, ки ба киностудияи “Болливуд” дахл дорад иҷро намуд.

Наворро саҳифаи Нозияи Кароматулло дар инстаграм, ки аз ҷониби мухлисони сароянда кушода шудааст, нашр намудааст.

Дар навор дида мешавад, ки Нозияи Кароматулло суруди машҳури “Санамҷонум” – ро месарояд.

Нозияи Кароматулло пас аз танаффуси тӯлонӣ чанд моҳ қабл ба саҳна баргашта буд. Ӯ аз саҳна дур буданашро ба рӯзноманигорон ва мухлисонаш чунин шарҳ дода буд:

“Ман хеле пазмони саҳна шудам ва дар назди оина суруд мехондам, – нақл кард Нозия. – Чун оиладор шудам ва фарзандони хурдсол доштам, вақту имкон надоштам, ки зиёдтар эҷод кунам”

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here