Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бори дувум ғалаба ба даст оварданд.

Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “А” шоми дирӯз, 18-уми сентябр дар Шоҳигарии Урдун баргузор шуданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ин навбат ба дарвозаи Қувайт нӯҳ голи беҷавоб заданд.

Кабир Салимшоев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода ба дарвозаи ҳариф 2-голӣ ва Муҳаммадворис Сайдалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов, Хусрав Тоҳиров дар умум чаҳор голи дигарро вориди дастаи Қувайт карданд. Як тӯби дигар аз ҷониби худи қувайтиҳо ба дарвозаашон ворид карда шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳ мизбони бозиҳои гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби наврасони Шоҳигарии Урдун бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад. Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Шоҳигарии Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.

Пагоҳ, 20-уми сентябр дар даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” футболбозони навраси мо бо ҳамсолонашон аз Непал вориди майдон мешаванд. Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Шоҳигарии Урдун ва Қувайт сурат мегирад.

Ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми марҳилаи гуруҳӣ ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here