Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳунарманд, санъатшинос, профессор Тамара Абдушукурова дар мусоҳиба бо сомонаи “Tajikistantimes” оид ба вазъи имрӯзаи театри тоҷик ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҳунарманд мушкилии асосии театрҳоро дар набудани асарҳои хуби саҳнавӣ, рӯ наовардан ба асарҳои классикаи ҷаҳонӣ, паст рафтани сатҳи кори коргардонҳо, набудани педагогҳои ихтисосманд дар донишгоҳу донишкадаҳо, нарасидани мутахассисони зарурӣ дар театрҳо, набудани кори ҳаррӯза дар театрҳо, мушкилоти иқтисодӣ, набудани мунаққидони касбӣ ва аз фаъолият бозмондани Иттифоқи ходимони театр медонад.

“Ман ҳамчун мутахассис вазъи театри тоҷикро нигаронкунанда арзёбӣ мекунам, зеро вақтҳои охир мебинам, ки дараҷаи санъати театрӣ поин рафтааст. Академизм коста шуда, театр вазифаи иҷтимоии худро пурра иҷро карда наметавонад”, -гуфтааст Тамара Абдушукурова.

Ҳунарманд мегӯяд, ки рушди театр кори ҳамагонӣ аст. Ҳунармандон бояд ҳамарӯза дар театр бошанд ва аз болои худу нақшҳояшон кор кунанд. Ҳарчанд дар Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода як зумра ҳунармандони машҳури мо дарс мегӯянд, аммо ҳунарманди хуб педагоги хуб шуда наметавонад. Драматургон асарҳои хуб эҷод намекунанд ва агар эҷод кунанд ҳам, онро дар шакли шиор матраҳ мекунанд.

Инчунин, ӯ қайд намудааст, ки барои наҷоти театрҳо бояд мушкилиҳои ҷойдошта ва дар боло зикршуда ҳалли худро ёфтаву бартараф карда шаванд ва аз кишварҳои хориҷ балейтмастерҳову коргардонҳои соҳибтаҷриба даъват карда шуда, ҳамчунин, аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ фиристода шаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here