То баргузории маросими ҷоизасупории “Diva”, ки яке аз бошукӯҳтарин шабнишинии сол миёни бонувон ба ҳисоб меравад, рӯзҳои башумор боқӣ мондааст.

Баргузории маросими мазкур санаи 20-уми сентябри соли ҷорӣ, соати 19:00 дар бинои боҳашамати “Диёри Душанбе” бо иштироки маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назар аст.

Барнома аз роҳрави сурх, намоиши мӯд, музоядаи хайриявӣ, бурди тӯҳфаҳо ва рақсу мусиқӣ бо иштироки овозхонҳои шинохта Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Нозияи Кароматулло, Мадина Ақназарова, Шабнами Собирӣ, Ситораи Кароматулло, Зайнура Пӯлодова ва Дилором Қурбонова иборат аст.

Қаблан Ланиша, пардозгари номӣ ва баргузоркунандаи ин шабнишинӣдар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” иброз намуда буд, ки Шоҳҷоиза ҳамасола насиби як нафар, яъне Шабнами Сурайё мегардад, зеро ӯ илҳомбахши чорабинии мазкур мебошад.

Мадина Ақназарова, Шабнами Собирӣ, Зайнура Пӯлодова ва дигарон бо нашри наворҳои кӯтоҳ дар саҳифаи Инстаграми худ кулли мухлисонашонро ба ин маросими занона даъват намудаанд.

Бонувоне, ки хоҳиши дар ин маросим иштирок карданро доранд, метавонанд чиптаҳоро тариқи рақамзои боварии 880686666 ва 555556666 дастрас намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here