Оҳанги дугонагӣ ва деринтизор дар иҷрои овозхони маҳбуби тоҷик Шабнами Сурайё ва Примадоннаи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова нашр шуд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Тарона “Таролла Далли” унвон гирифта, дар канали “Shabnam Surayo” дар шабакаи YouTube нашр гардидааст ва то имрӯз онро зиёда аз 230 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

“Ин деринтизортарин дуэти мо бо Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек мӯҳтарама Юлдуз Усмонова мебошад. Барои ман боиси фахр ва хушнудист, ки бо чунин шахсияти зебову эҷодкор суруд сароидам. Худо кунад, ки чунин лоиҳаҳо дар оянда зиёд шаванд”,-навиштааст Шабнами Сурайё дар Инстаграми худ.

Таронаро Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ ва Шабнами Сурайё бо забони тоҷикӣ сурудаанд. Суруди мазкурро, ки оҳангаш моли Юлдуз Усмонова мебошад, мухлисони ҳарду ҳунарманд низ бо хушнудӣ пазируфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки таронаи “Таролла Далли”-ро Юлдуз Усмонова дар танҳоӣ аввали имсол сабт ва пахш намудааст, ки дар шабакаи YouTube зиёда аз ним миллион нафар тамошо кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here