Соҳибҷон Ҳасанов, оҳангсози ҷавони тоҷик дар XIV-умин Фестивал-озмуни байналмилалии “Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад” зинаи аввалро ишғол намудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи “Asia-Plus”.

Мавсуф хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи Атоев буда, дар бахши “Оҳангсози ҷавон”-и озмуни мазкур (синни 21-25 сола) зинаи аввалро касб кардааст.

Қаблан Соҳибҷон дар озмуни байналмилалии “Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод” низ дар бахши “Оҳангсози ҷавон” ғолиб омада буд ва ин комёбии навбатии ӯст.

Соҳибҷон Ҳасанов айни замон тибқи гранти таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси сеюми риштаи оҳангсозии Донишкадаи давлатии фарҳанги Краснодар таҳсил намуда, шогирди яке аз оҳангсозони маъруфи Русия, раиси Иттифоқи оҳангсозони шаҳри Краснодар, ходими фарҳанги Русия, профессор Владимир Чернявский мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур густариши ҳамкориҳои гуногуншакли фарҳангӣ байни халқҳо ва мусоидат ба ташаккули ҳунармандони ҷавони боистеъдод мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here