Филми “Тангно”-и коргардони тоҷик, Муҳиддини Музаффар дар 15-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон-2019 соҳиби ҷоиза гардидааст. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии “SugdNews” хабар додааст.

Маросими тақдими ҷоизаҳо шоми 30-юми апрел баргузор гардида, Муҳиддини Музаффар ҷоизаро барои “Беҳтарин сенарияи филми дарозмуддат” ба даст овардааст.

Дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон-2019 намояндагони 44 кишварҳои дунё маҳсули эҷоди хешро пешниҳод намуда буданд, ки шоҳҷоиза насиби филми бадеии “Суруди дарахт”-и коргардони қирғиз Айбек Дайирбеков гардидааст.

Инчунин, дар ҷашнвораи мазкур коргардони турк Семих Капланоғлу барои филми бадеии “Тухм” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” шудааст.

Филми “Тангно” аз рӯи асари “Тангнои гетӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Маскав рӯи навор омада, нақши асосиро дар филми мазкур Муҳаммадшариф Раҳматуллоев бозидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here