Овозхони тӯли чанд муддати охир кампайдои тоҷик Ҳоҷӣ Меҳрубони Равшан рӯзҳои наздик консерти зиндаи худро пешниҳоди мухлисонаш мегардонад.

Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Баргузории барномаи консертӣ санаи 27-уми июн, соати 18:00 дар толори навбунёди “Кохи Суруш” бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар назар аст.

Меҳрубони Равшан ба таври зинда ҳунарнамоӣ карда, дӯстони ҳунарманди худро низ ба сифати меҳмон ба консерташ даъват намудааст.

Зулайхо Маҳмадшоева, Хайриддини Шариф, Рустами Нур, Суруш Холов, Нишонаи Рустам, Ҳабиба Давлатова, Зайнура Пӯлодова, Шаҳроми Абӯбакр, Остони Азиз, Қурбон Алиев, Баҳодури Ғаффорзод ва як ситорае, ки шахсияташ номаълум аст, дар базми Меҳрубон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Меҳрубони Равшан соли 2009 ба зиёрати хонаи Худо рафта, ба худ тахаллуси “Хоҷӣ”-ро гирифт. Пас аз Хоҷӣ шуданаш тасмим гирифта буд, ки тарки саҳна мекунад ва як муддат нопайдо ҳам буд. Вале ба гуфти худаш ӯ якбора тарки саҳна накарда, андак-андак аз эҷод дур мешавад.

“Назираҷонам” машҳуратарин таронаи Меҳрубони Равшан мебошад, ки то ҳол шунавандаҳои худро аз даст надодааст. Эҳтимол ин таронаҳои мондагор дар барномаи нави консертӣ низ садо бидиҳанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here