Шоми дирӯз, 1-уми августи соли ҷорӣ дар қаҳвахонаи “Parking” китоби “Олеся”-и нависандаи барҷастаи рус Александр Куприн дар тарҷумаи Комилзода Аҳмадшоҳ рӯнамоӣ шуд.

Дар чорабинии мазкур аҳли оилаи мутарҷим, хабарнигорони сомонаи “Padida”, намояндагони Сафорати Эрон ва Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки осори Александр Купринро ҳанӯз панҷоҳ сол муқаддам мутолиа кардааст, ки мӯҳтавои онҳо то ҳол дар хотирааш нақш бастаанд.

“Ҳанӯз панҷоҳ сол пеш ман асарҳои Купринро хонда будам, ки то ҳол мазмуни баъзе аз онҳо дар хотираам нақш бастаанд. Сабабаш ин аст, ки асарҳои ӯ мазмуни баланд доранд ва дилчасп низ ҳастанд. Аз ҳамон вақт ман китобдор ҳам шудам”.

Дар идома мутарҷим афзуд, ки қариб ҳамаи асарҳои Купринро ба забони тоҷикӣ баргардон кардаанд, ба ҷуз қиссаи “Олеся” ва ӯ қарор дод, ки ин асарро худаш тарҷума мекунад.

“Як рӯз чанд шӯъбаи Китобхонаи ба номи Фирдавсиро кофтам, то ягон нафари дигар “Олеся”-ро тарҷума накарда бошад. Қариб ҳама асарҳои Купринро бо забони тоҷикӣ пайдо кардан мумкин буд, ба ҷуз “Олеся”. Ба ҳамин хотир қарор додам, ки инро худам тарҷума кунам”.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони Сафорати Эрон ва Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дӯстони деринаи оилаи Комилзода мебошанд, пешниҳод карданд, ки “Олеся” бо хати форсӣ баргардон ва дар Эрону Афғонистон низ рӯнамоӣ карда шавад.

Александр Куприн қиссаи “Олеся”-ро соли 1989 эҷод кардааст ва нахустин асари бузургҳаҷми нависанда мебошад, ки ба эътирофи худаш, дӯстдоштатарин асари ӯст. Мавзӯи марказии асар аз ишқи фоҷиавии ашрофзодаи шаҳрнишин Иван Тимофеевич бо ҷавондухтар Олеся, ки соҳиби истеъдоди фавқулода аст, ҳикоят мекунад.

Аҳмадшоҳ Комилзода, донишманд, сиёсатшинос, ҷомеашинос ва тарҷумон ин асарро аз забони русӣ баргардонидааст. Асар бо забони ноби тоҷикӣ ба шеваи тарҷумаи зебои адабӣ бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 112 саҳифа аз чоп баромад.

Александр Иванович Куприн 7-уми сентябри соли 1970 дар деҳаи Наровчати вилояти Пензаи Русия дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Нависанда ду маротиба оиладор шуда, соҳиби се духтар шудааст. Мавсуф давоми солҳои 1889-1934 дар чандин рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият карда, дар ин баробар ба таълифи роману қиссаҳо низ машғул шудааст.

Нависанда дар таърихи 25-уми августи соли 1938 бар асари бемории саратони сурхрӯда дар шаҳри ҳозира Санкт-Петербурги Русия даргузаштааст. Ӯро дар қабристони “Волковский” дар паҳлӯи қабри адиби рус Иван Сергеевич Тургенев дафн кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here