Ровии телевизион, овозхон ва ҳунарпешаи рус Олга Бузова қарор додааст, ки охирин консерти худро баргузор карда, аз саҳна биравад.

Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Баргузории барномаи консертӣ 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори “Известия Hall”-и шаҳри Маскав таҳти унвони “Зери садои бӯса” (“Под звуки поцелуев”) дар назар аст.

Овозхон ба мухлисони худ изҳор кардааст, ки ин охирин консерти ӯ хоҳад буд ва пас аз ин саҳнаро тарк хоҳад кард.

“Ман анъанаро дӯст медорам, зеро онҳо ҳамеша бо ҳам муттаҳид мешаванд. Миёни ману шумо ҳам як анъана вуҷуд дорад. Ин ҳам баргузории консерти калони яккаи ман дар шаҳри Маскав мебошад. Санаи 14-уми ноябр охирин консерти худро барпо мекунам ва аз саҳна меравам”,-навиштааст Олга Бузова дар саҳифаи Инстаграми худ.

“Зери садои бӯса” (“Под звуки поцелуев”) номи таронаи овозхон мебошад, ки 3 сол қабл, соли 2016 сабт шуда, соли 2017 бо ҳамин ном нахустин албоми таронаҳои худро низ пешниҳоди мухлисонаш карда буд.

Олга Бузова, ки фаъолияти овозхонии худро бо “Зери садои бӯса” оғоз карда буд, акнун ният дорад, ки боз бо ҳамин унвон ба ҳамааш хотима бахшад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here