Ғолибҷон Юсупов, овозхони ҷавону муваффақ, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва фаъолият дорад, бо барномаи нави консертӣ, меҳмони шаҳри Душанбе хоҳад шуд.

Дар ин хусус овозхон дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ хабар додааст.

Баргузоркунандаи асосии чорабинӣ ТВ “Ҷаҳоноро” буда, худи барномаи консертӣ зери унвони “Соҳили ишқ” санаи 14-уми апрел дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор хоҳад гашт.

Ин навбат мухлисонро ороиши ғайриоддии саҳна, таронаҳои ҷадид ва рақсҳои мавзуни гурӯҳи рақсии “Ҷозиба”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сару либосҳои рангини маркази атласу адрасбофии “Раҳматулло” интизоранд.

Чиптаҳоро аз хазинаи Филармонияи давлатӣ дастрас карда метавонед!

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here