Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи 77-солагиаш барномаи ҷадиди консертии худро барпо менамояд.

Баргузории барномаи консертӣ таҳти унвони “Олимақом” санаи 16-уми октябри соли равон, соати 16:10 дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Устод Ҷӯрабек Муродов санаи баргузории консертро дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” тасдиқ карда, илова намуд, ки пас аз шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе низ баргузор намудани консерт ба нақша гирифта шудааст.

Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри имсол 77-сола мешавад ва ин барномаи консертӣ ба 77-солагии овозхон бахшида шудааст. Хоҳишмандон чиптаҳоро бо рақамҳои 67296 ва 927740888 дастрас карда метавонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here