Ба муносибати рӯзи милоди Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ се китоби ашъор интишор гардид.

Тавре Шаҳнавоз Каримова, духтари Фарзонаи Хуҷандӣ ба сомонаи “Padida” иттилоъ дод, китоби “Найсон” маҷмӯаи рубоӣ, дубайтӣ ва тарҷумаҳои шоираро дар бар гирифта, бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯи чоп омадааст.

“Мураттиби он доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус буда, теъдоди нашраш 300 адад аст”, -гуфт Шаҳнавоз Каримова.

Манбаъ афзуд, ки китоби дигар “Ношири баҳор” унвон дорад ва мураттиби он Фарзона Саидумронзода, муаллимаи Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аст.

“Аслан осори шоирон гулистонеро мемонад, ки инсонҳо аз он ҷо гулҳои маънӣ мечинанд. Зоҳиран аз гулистон инсон ҳарчӣ ба назарашон зеботару мақбултар метобад, онро интихоб мекунад. Вале мусаллам аст, ки дар гулистон басе гулҳое ҳастанд муаттару зебо, ки аз назари чинанда ниҳон мемонад. Аз ин рӯ, интихоби банда аз “Девон”-и устод Фарзона як гулдастаест аз бӯстони ашъори шоира барои мухлисони шеъри воло. Гулҳои овардаи ман аз гулистони маъонӣ бо шамими атрогини худ бовар дорам хонандаро ба сӯи гулбоғи осорашон хоҳад кашид”, -гуфтааст Фарзона Саидумронзода, мураттиби китоби “Ношири баҳор”.

Шаҳнавоз Каримова илова намуд, ки китоби тозанашри дигар ба қалами адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус тааллуқ дорад ва таҳти унвони “Шарҳи шаст шеъри Фарзона” тариқи нашриёти “Ношир” ба тозагӣ дастраси ҳаводорони илму адаби тоҷик гардидааст. Дар китоб панҷоҳ ғазал ва даҳ шеъри нави Фарзона шарҳ дода шудааст, ки барои дарки ҷаҳони маънавӣ ва андешаву афкори шоир мусоидат мекунад.

“Борҳо шунидаем, ки хонандагон шеърро барои ом ва хос ҷудо мекунанд ва дар шарҳу идроки ашъори баъзе шоирон як навъ мушкилотеро эҳсос менамоянд. Шояд ба ҳамин далел шеъри сабки ҳиндӣ дархури ҳамагон нест, зеро барои лаззат бурдан аз он ранҷи кушодани он бастаҳоро бояд кашид. Дар миёни хонандагони имрӯз низ гоҳе сару садоҳое баланд мешавад, ки шеъри баъзе шоирон, аз ҷумла Фарзона барояшон чандон фаҳмо нест. Ба назари мо, тааммуқ дар сари чанд шеър ба ҷаҳони ботинии муаллиф роҳ мекушояд ва имкон медиҳад, ки ашъори дигарро осонтар дарк намоем. Ба ин хотир ба чанд шеъри шоир рӯ меорем ва сайъ мекунем, ки қоғази мунаққаши онро боз намоем ва барои дарёфти розҳои нуҳуфтаи шоир роҳ пӯем”, -қайд кардааст адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус.

Китоби мазкур бо дастгирии молиявии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба чоп расида, ҳадяи хубе ба мухлисони шеъри Фарзона ва ҳамаи алоқамандони назми муосири тоҷик мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) санаи 3-юми ноябри соли равон 55-солагии худро дар халқаи дӯстону пайвандон ҷашн гирифт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here