Ҷонибек Муродов сарояндаи шинохтаи эстрадаи тоҷик, дар муҳорибаи Конор МакГрегор ва Доналд Серроне иштирок карда гуфтааст: Шукр, орзуҳо амалӣ мешаванд.

Муҳориба имрӯз, 19-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси штати Невадаи Амрико баргузор шуд.

Дар ин бора сароянда дар саҳифаи инстаграми худ хабар додааст. Сароянда дар инстаграм навиштааст:Орзуҳо амалӣ мешаванд, шукр.

Ёдовар мешавем, ки дар муҳорибаи мазкур Конор ба рақиби худ Доналд дар доираи 40 сония дастболо гардид.

Акнун МакГрегор метавонад бо ғолиби муҳорибаи Тони Фергюсон ва Ҳабиб Нурмуҳаммедов, ки қарор аст моҳи апрел баргузор гардад, ба октагон барояд.

Муҳорибаи ғолибон қарор аст, дар тирамоҳи имсол баршузор гардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here