Сар аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Фаронса қонуни нав қабул карда шуд, ки нақзи он 37 ҳазору 500 евро ҷарима дорад.

Қонун дар бораи нишонгузории ҳатмии аксҳои таблиғотии дар барномаи “Photoshop” коркардшуда дар Фаронса эътибор пайдо кард. Акнун ҳар аксе, ки бо воситаи барномаи мазкур коркард мешавад, бояд навиштаҷоти “акс такмил дода шудааст”-ро дошта бошад.

То ин дам моделҳо ва чеҳраҳои шинохта зиёдтар аз ин усул истифода мебурданд. Яъне онҳо тариқи ин барнома қомати худро дароз ё кӯтоҳ, андоми худро лоғару фарбеҳ мекарданд. Ҳоло бошад, пас аз иҷрои ин амал онҳо бояд навиштаҷотро дар зери акс ҷой диҳанд.

Нафароне, ки қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи талаботи қонун ба маблағи 37 ҳазору 500 евро (400 ҳазору 800 сомонӣ) ҷарима карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии аксбардории “Getty Images”-и Амрико низ аз истифодаи аксҳои дар барномаи “Photoshop” коркардшуда даст кашид. Ба ақидаи директори эҷодии оҷонсӣ, имрӯз талабот ба “ҷисми табиӣ” зиёдтар шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here