Санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар саҳнаи театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов бори нахуст намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба” аз тарафи ҳунармандони театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба намоиш гузошта шуд.

Намоишномаи мазкур ба Фестивал-озмуни “Парасту-2019” пешниҳод гардида, коргардон Муҳиддини Музаффар онро саҳнавӣ гардонидааст. Нақши “Қорӣ-Ишкамба”-ро ҳунарпешаи театри номбурда Хушнуд Дадоҷонов иҷро кард.

Намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба” дар чандин озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дар пойтахти кишвар бори аввал ба намоиш гузошта шуд. Муҳиддини Музаффар, коргардони намоишнома ният дорад, ки намоишномаи мазкурро дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро низ ба намоиш гузорад.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахт Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2019” идома дорад ва дар озмун 18 театрҳои кишвар намоишномаҳои таи ду соли охир саҳнавӣ гардонидаи худро пешниҳоди тамошобинон ва ҳайати ҳакамон мегардонанд. Ҷашнвораи имсола ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида мешавад. Анҷоми фестивал санаи 22-юми апрел пешбинӣ шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here