Намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба”-и Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд намоиш дода мешавад.

Намоиши мазкур аз рӯи асари “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ дар таҳияи коргардон Муҳиддини Музаффар рӯи кор омадааст.

“Намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба” аз санаи 3-юм то 9-уми июн дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бори нахуст намоиш дода мешавад”,-гуфт Муҳиддини Музаффар дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida”.

Нақшҳои асосиро дар намоиши мазкур Хушнуди Дадо, Фаррух Ваитов ва Фарҳод Ғаффорпур дар сатҳи олӣ иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту 2019” “Қорӣ-Ишкамба” бори аввал намоиш дода шуд ва сазовори ҷои аввал гашт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here