Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик дар арафаи Иди Саиди Фитр бори нахуст ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Зимни сафараш ба шаҳри Кобул, Зулайхо меҳмони махсуси якчанд барномаҳои идонаи шабакаи телевизионии “Tolo” буд ва ба мухлисони афғонаш чанд суруду оҳанг низ тақдим намуд.

Дар барномаи идонаи “Ҳилоли ид” Зулайхо дар баробари сароидани таронаву оҳангҳои марғуб, инчунин бо ровии барнома саволу ҷавоб ва ҳазлу шӯхӣ низ мекунад. Ровӣ ба Зулайхо савол медиҳад, ки рӯзи ид дар дастурхон барои меҳмон чӣ мева мегузоред?

“Зиёд орзуқ, яъне як чизе ҳаст, ки мардуми тоҷик зиёд дӯст медоранд”,-ҷавоб медиҳад Зулайхо.

Ровии барнома бо ин қаноат намекунад ва боз савол мегузорад, ки ранги орзуқ чӣ гуна аст. Овозхон дар ҷавоб иқрор мешавад, ки рангашро намедонад, вале орзуқро ҳама дӯст медоранд.

Барномаи мазкур дар канали “Way To Afghanistan” дар шабакаи YouTube пахш гардида, то имрӯз онро наздики 10 ҳазор нафар тамошо кардаанд, ки ҳарфзанӣ ва тарзи либоспӯшии овозхон қисми бештари онҳоро ба шӯр овардааст.

Ин бори аввал нест, ки ҳунарнамоии сарояндагони тоҷик дар Афғонистон шӯреро миёни мардум барпо мекунад. Қаблан низ Зайнура Пӯлодова дар барномае фикри худро баён карда натавониста, мавриди интиқоди мардум қарор гирифта буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here