Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон сабаби маҳз бо Шабнами Сурайё бадеҳа сароиданашро гуфт.

Овозхон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Sputnik Узбекистан” гуфтааст, ки Шабнами Сурайё шогирдаш аст ва ба ҳамин хотир бо ӯ таронаи бадеҳа сароид.

“То ҳол бадеҳаи русиро ба нақша нагирифтаам. Бо овозхони тоҷик Шабнами Сурайё ба он хотир сурудам, ки ӯ шогирди ман аст. Шабнам бисёр духтари хуб мебошад. Боре ӯ меҳмони ман шуд ва пас аз гуфтугӯ қарор додем, ки таронаи бадеҳа сароем. Бале, бадеҳаҳои туркӣ низ дорам, вале онҳо танҳо барои васеъ кардани доираи мухлисонам буданд”.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки миёни санъаткорони рус дӯстони зиёд дорад, вале ҳамаи онҳоро ба худ наздик ҳисобида наметавонад, зеро муносибати онҳо ба эҷод аз мо фарқкунанда аст.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, овозхон санаи 13-уми ноябр дар шаҳри Маскав барномаи бузурги консертӣ дорад. Ӯ ният дорад, ки пас аз Маскав силсилаконсертҳои худро дар Осиёи Марказӣ ва Амрико баргузор намояд.

Моҳи майи имсол дугонаҳо Шабнам ва Юлдуз таронаи дузабонаи “Таролла Далли”-ро сароиданд, ки онро то кунун дар шабакаи YouTube наздики 4,5 миллион нафар тамошо кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here