Ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Гадоев Ҳошим имрӯз, 10-уми май ба синни 82-солагӣ қадам ниҳод. 

Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Маскав (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) мебошад. Соли 1961 фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон дар Театри давлатии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ оғоз намудааст.

Дар саҳнаи театр зиёда аз 150 нақшҳои гуногун офарида, намоишномаҳои зиёдеро низ ба саҳна гузоштааст. Маъмултарини онҳо намоиши “Шоҳ Эдип” аз рӯи асари Софокл ва  намоишномаи “Рӯдакӣ” (2008) мебошад.

Замоне дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира театр дар ш.Бӯстон) ва Театри давлатии драмавии ба номи В.Маяковский нақшҳо офаридаву намоишҳо ба саҳна гузоштааст.

Фаъолияти худро дар соҳаи синамо аз соли 1963 оғоз намудааст. Дар зиёда аз 50 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм”, “Ӯзбекфилм”, “Озарбойҷонфилм” ва “Белорусфилм” нақшҳои марказиву дуюмдараҷаро бозида, ба зиёда аз 100 нақш дар филмҳои бадеии ба тоҷикӣ тарҷумашуда, овоз додааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи кинематографистони ҶШСТ буда, замоне ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шудааст ва аз соли 1996 профессори Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода мебошад.

Муаллифи чандин китобҳои бадеиву фалсавӣ бо номҳои “Розҳо”, “Ассо”, “Танҳо”, “Андешаҳо”, “Я!?”, “Кунҷ”, “Кометы”, “Ҷонбуз”, “Ку”, “Думы”, “Мой Сухроб”, “О Сократе” ва ғайра мебошад. Имрӯзҳо ба эҷод ва чопи китобҳои бисёрҷилда саргарм аст.

Аҳли эҷоди сомонаи “Padida” ҳунармандро ба ин рӯзи фараҳбахши ҳаёташ самимона табрик менамоянд.

Ҷоиза ва унвонҳо

Ҳунарпешаи халқии ҶШСТ (1979)

Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1988)

Ҷоизаи давлатии ИҶШС барои иҷрои нақши асосӣ дар намоишномаи “Шоҳ Эдип” аз рӯи асари Софокл дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ (1987)

Ҷоизаи давлатии ҶШСТ ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ барои иҷрои нақши Сӯҳроб дар филми “Рустам ва Сӯҳроб” (1973)

Ҷоизаи ба номи “Аноҳита” (1995)

Ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон”

Аълочии Вазорати фарҳанги ИҶШС

Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017)

Нақшҳо дар театр

“Суруди кӯҳ” аз рӯи асари Ғ.Абдулло (Содиқ, 1962)

“Макр ва муҳаббат” аз рӯи асари Ф.Шиллер (Фердинанд, 1963)

“Фоҷиаи хурд” аз рӯи асари А.С. Пушкин (Дон Жуан, 1965)

“Модарандар” аз рӯи асари О. Де Балзак (Фердинанд Маркандал, 1966)

“Рустам ва Сӯҳроб” аз рӯи асари Ғ.Абдулло (Сӯҳроб, 1967)

“Орзу” аз рӯи асари М.Назаров (Ризо, 1970)

“Ҳамлет” аз рӯи асари У.Шекспир (Ҳамлет)

“Муфаттиш” аз рӯи асари Н.Гогол (Хлестаков)

“Шоҳ Исмоили Сомонӣ” аз рӯи асари М.Бахтӣ (Исмоили Сомонӣ)

“Шоҳ Эдип” аз рӯи асари Софокл (Эдип)

Корҳои коргардонӣ

“Фоҷиаи хурд” аз рӯи асари А.С. Пушкин (1965)

“Эзоп” аз рӯи асари Г.Фигейредо (1970)

“Ангуштсурхакон” аз рӯи асари С.Улуғзода (1976)

“Шоҳ Эдип” аз рӯи асари Софокл

“Муҳаббати африқоӣ” аз рӯи асари П.Мериме (1960)

“Иҷоранишин” аз рӯи асари Ф.Ансорӣ (1960)

“Бемории ногаҳонӣ” аз рӯи асари Х.Содиқова (1960)

Филмнома

“12 соати ҳаёт” (1963)

“Ситораи Улуғбек” (1964)

“Рустам ва Сӯҳроб” (1971)

“Тӯфон дар водӣ” (1972)

“Чоргона аз Чорсанг” (1972)

“Шикори охирин” (1975)

“Ишқи аввали Насриддин” (1977)

“Зане аз дур” (1978)

“Аз ин ҷо сарҳад мегузарад” (1971)

“Сарҳадӣ давлатӣ. Хоки сурх” (1984)

“Ин ҷо биҳишт бо ту вонамехӯрад” (1982)

“Бедор шавед” (1983)

“Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар” (1987)

“Ошкоршуда” (1969)

“Муборизон” (1973)

“Сарҳад” (1974)

“Хизмат ба Ватан” (1980)

“Ҷанги се шоҳ” (1990)

“Паҳлавони баҳри сиёҳ” (1983)

“Фирорӣ” (1967)

“Дар раъд таваллудшуда” (1965)

“Нури оташи сӯхташуда” (1975)

“Муҳосира” (1977)

Мавод бо такя ба сомонаҳои интернетӣ омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here