Ортиқ Отаҷонов, овозхони халқии Ӯзбекистон санаи 16-уми май дар синни 73-солагӣ даргузашт, иттилоъ медиҳад сомонаи Sputnik Ӯзбекистон.

Аз рӯи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, мавсуфро имрӯз, санаи 17-уми май дар қабристони “Саид Ваккос Ота”-и шаҳри Тошканд ба хок супоридаанд.

Ортиқ Отаҷонов 30-юми январи соли 1947 дар ноҳияи Боғоти вилояти Хоразм ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Урганҷ ва Донишкадаи фарҳанги Тошканд мебошад.

Номбурда Овозхони халқии Ӯзбекистон, Туркманистон, Қароқалпокистон буда, роҳбарии ансамбли “Лазги”-ро ба ӯҳда дошт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here