Овозхони маъруф, вале беунвони тоҷик шодравон Барот Яхшиев имрӯз, 29-уми майи соли ҷорӣ 83 сола шуд.

Ҳамасола дар ин рӯз фарзандон, пайвандону мухлисон ва шогирдони Барот Яхшиев ба ҳам меоянд ва ба хотири ёдбуди ин овозхони соҳибмактаб аз дафтари хотираҳояш қисса ва сурудҳояшро замзама менамоянд.

Барот Яхшиев 29-уми майи соли 1936 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта, аз замони оғози фаъолияти эҷодияш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ кардаву соли 1985 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.

Соли 1954 устод Акашариф Ҷӯраев бо сафарӣ ҳунарӣ ба ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд ва аз ҳамон вақт дунёи ҳунар ба рӯи Барот Яхшиев боз шуд. Қадамҳои нахустини хешро ба мактаби санъати Акашариф Ҷӯраев устуворона гузошт ва аз ин пири ҳунар дуои нек гирифт.

Мавсуф давоми сӣ соли рӯи саҳнаи ҳунар буданаш ба гирифтани унвонҳои Ҳунарманди шоиста ё хизматнишондода нарасида, он замон касе ҳам аз Вазорати маданият роҳи овозхонро барои гирифтани ин унвонҳо боз накардааст.

Барот Яхшиев дар солҳои 70-уми қарни гузашта аллакай соҳибмактаб буд. Мактабаш пайравони зиёд пайдо кардаву бо номи “Мактаби Барот Яхшиев” машҳур гардида буд. Он солҳо тариқи Радиои Тоҷикистон фақат суруду таронаҳои Барот Яхшиев садо медод ва душманонаш ба ӯ бо чашми ҳасад менигаристанд. Аммо ӯро заррае парвои он нигоҳҳо набуд. Дуои устодаш Акашариф Ҷӯраев ҳамеша дар гӯшаш садо медод ва қадамҳои худро боз ҳам устувортар мегузошт.

Устоди шинохтаи шашмақом, ҳунарманди мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров дар мавриди ҳунари Барот Яхшиев чунин гуфта буд:

«Дар ҳунари мақомхонӣ аз ҳунармандони мардуми кӯҳистон ман ҳеҷ касро тӯли панҷоҳ соли охир пеш аз Барот Яхшиев гузошта наметавонам. Охири солҳои ҳафтодум садои хуши ӯро ҳангоми иҷрои таронаи «Қалъабандӣ» шунида будам. Ростӣ, ин таронаро аз забони хеле аз устодони бузург шунидаам. Аммо он гуна, ки аз забони Барот Яхшиев шунидам, аз касе нашнида будам. Ин тарзи хониш, яъне бо сабки нав, бо лаҳни нав, бо савтҳои хуши мардумӣ бори аввал маро гӯшу ҳуш намуда буд. Беш аз понздаҳ сол боз ин таронаро бо такрор гӯш мекунам ва аз дилам садое бармехезад, ки чаро мо ба қадри ӯ нарасидем».

Таронаҳои “Вафо хоҳам”, “Гирди сарат гардам”, “Маҳбубаи ҷон”, “Зи дилам қарор бурдӣ”, “Деҳқондухтар” ва дигар оҳангҳои Барот Яхшиев то кунун ҷаззобияти худро гум накардаанд.

Сурудҳои Барот Яхшиев дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст ва гоҳ-гоҳе садо медиҳанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here