Озар Салим, шоири ширинкаломи муосири тоҷикро Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ҷоизаи навбатии “Килки заррин” қадрдонӣ кардааст.

Дар ин бора мавсуф дар саҳифаи фейсбуки худ ба алоқамандони ашъораш хабар додааст. Шоир ба суоли хабарнигори сомонаи “Padida”, ки ҷоизаи мазкурро чӣ гуна ба даст овард, чунин посух дод:

“Шеърҳои маро шояд аз интернет дастрас карда бошанд, зеро миёни онҳо нафароне, ки хатти моро баланданд, ҳастанд. Ин ҷоиза на танҳо барои шеъри “Модар фаришта буд”, балки барои кулли ашъори ман тақдим гардид”

Ёдовар мешавем, ки “Модар фаришта буд” машҳуртарин шеъри шоир дар ситоиши модар мебошад. Онро даҳҳо овозхони кишвар, аз ҷумла Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Фаридуни Хуршед, гурӯҳи “Сорбон”, Эркин Одинаев, Содиқ Холов, Хосият Ортиқова ва дигарон ба риштаи оҳанг кашида, сароидаанд.

Ҷоизаи “Килки заррин” соли 2010 таъсис ёфта, ҳамасола ба шоирону нависандагони афғон барои навиштаҳои беҳтаринашон супорида мешавад. Дар соли 2018 ҷоизаи мазкурро Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ба даст овард. Имсол бошад, Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон “Килки заррин”-ро ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул супоридааст, то онро ба Озар Салим бирасонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here