Имрӯз, 13-уми августи соли ҷорӣ шоир ва журналист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ҷашни мавлуд дорад.

Шоир бо шеърҳои ишқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худ дар қалби так-таки тоҷику тоҷикистонӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардааст.

Мавсуф дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” аз нақшаву ниятҳои худ ҳарф зада, иброз намуд, ки бо даст додани имконият ҳатман дар ҳама гӯшаи Тоҷикистон маҳфили шеъри худро барпо хоҳад кард.

“Агар саломатӣ ва имконият даст диҳад, ният дорам имсол дар ҳама гӯшаи Тоҷикистон маҳфили шеъри худро барпо кунам. Ба ҳар куҷое рафта тавонам, хоҳ Бадахшон бошад, хоҳ Суғду Хатлон ҳатман як маҳфили шеър барпо мекунам”.

Шоир афзуд, одати пешакӣ ифшо кардани нақшаву ниятҳояшро надорад, зеро ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ мешавад, вале ба ҳар ҳол дар дил парваридани нияту орзуҳо фоли нек аст.

Дар охири сӯҳбат соҳибҷашн ба сомонаи “Padida” изҳори миннатдорӣ карда, илова намуд, ки “Padida” худ мужда аст ва бигзор ин сомона, сомонаи хонданӣ бошад.

Толиб Карими Озарахш 13-уми августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, пас аз хатми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1985) дар вазифаҳои гуногун кору фаъолит кардааст.

То имрӯз чанд маҷмӯи ашъораш, аз ҷумла “Аз чашмасор омадам”, “Намози мусофир”, “Чархболи офтоб” ва “Ояндаҳо” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ба табъ расида, дар баробари ин шоир зиёда аз 10 намоишномаро ба саҳнаи театр гузоштааст.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (барои филми “Ифтихор”), ҷоизаи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ, ҷоизаи “Боргоҳи сухан” ва медали “Хизмати шоиста” (2012) мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here