Барои хонандагони азизи сомонаамон силсилаи “Андешапораҳо” – и шоири муваффақи тоҷик, Толиб Карими Озарахш аз саҳифаи расмии эшон дар фейсбук бознашр менамоем.
Нози одамонро осмон мебинаду замин менолад.
****
Аксар ниёзҳои мардум аз намозҳояшон бузургтаранд…
****
Беҳтарин шоҳбайте, ки дар варақи рӯи шоир сабт буд, ба санги гӯраш менависанд…
****
Моҳу ситорагон шабона худнамоӣ мекунанд…
****
Одамон бештар ба нодидаҳояшон бовар мекунанд.
****
Девҳо аз одамоне, ки худро фаришта мепиндоранд, сахт меҳаросанд…
****
Сар ҳеҷ вақт дарди по намешавад по дарди сар шуданаш мумкин…
****
Беҳтарин фарзандҳо аз падар Ватан ва аз Ватан модар месозанд.
****
Пешравиатро бо гузашта муқоиса накун, онро оянда муайян хоҳад кард.
****
Иқтидори тайёра он аст, ки моро метавонад соатҳо аз замин канда кунад.
****
Тӯфон намедонад, ки дар об киштӣ ҳаст, ё не….
****
Одамизодае ба дунё бо пои равон наомадааст, вақти рафтан ҳам ӯро мебаранд.
****
Одамӣ аз моҳии зери об, чарандаи рӯи хок ва парандаи осмон ғизо меҷӯяд…
****
Пушти ойина набошад, рӯяш намебинад…
****
Бештар саломатӣ баъди беморӣ худро шинос мекунад..
****
Баҳорро бо барф пӯшонда намешавад,- ҳар сол афсӯс мехурад зимистон..
*****
Замин аввал андозаи пои одамро чен мекунад, дар охир қадро.
****
Шояд барои он пир шавем, ки ба қадри ҷавонӣ намерасем.
****
«Чашм аз рӯзи азал маро чашми дидан надорад»,- меандешад гӯш….
Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj