Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Борбар дар соҳаи мусиқӣ озмун эълон менамояд.

Ҷоизаи мазкур ба оҳангсозону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эҷод гардидаанд, дода мешавад.

Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, барандаи ҷоиза бо диплом, нишон ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Пардохти ҷоизаҳо ба Иттифоқии нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқии композиторони Тоҷикистон ба маблағи мутаносиб ба 1000 (як ҳазор) доллари ИМА барои ҳар як ҷоиза дар ду сол як маротиба аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир ва инъикоси арзишҳои миллӣ ташкил шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here