Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро ҷамъбаст намуд.

Озмуни мазкур ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд.

“Дар натиҷаи муҳокимаи асарҳои ба Озмун пешниҳодшуда ҳайати Шўрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад‚ ки ҷойи аввал ба ягон асар дода нашавад”,-менависад хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар.

Ҷойи дувум ба ду пйеса, мазҳакаи Ҷумъа Қуддус “Чашмаи тилло”, драмаи Шодӣ Солеҳ “Атои Худо” ва зинаи сеюм низ ба ду пйеса, драмаи Абдувадут Файзиев “Гулдаста” ва драмаи Ҳалим Шариф “Подоши заҳмат” дода шуд

Ҳамчунин, барои ҳавасмандкунӣ ба драмаи Урунбой Усмонов “Муқаддас”, драмаи Бароат Аҳмадзода “Бахти баргашта” ва драмаи Нарзулло Шарипов ва Алим Икромов “Суд совести” ҷоиза тақдим карда шуд.

Боиси зикр аст, ки озмуни мазкур моҳи марти соли ҷорӣ бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир эълон гардида буд. Асарҳои беҳтарини ба озмун воридшуда дар шакли маҷмӯа интишор ёфта, ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here