Имрӯз, 08-уми майи соли 2019 сомонаи фарҳангӣ-иттилоотии “Padida.tj” фаъолияти худро расман оғоз кард. 

Баланд бардоштани имиҷи фарҳангии кишвар ва таъсир расонидан ба афкори маърифати фарҳангии ҷавонон, зинда кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ, кашфи истеъдодҳои пинҳон, ки пушти парда мондаанду мемонанд, ҳадафҳои аслии сомона ба ҳисоб мераванд.

Сомона тавассути таҳия ва омода кардани барномаҳои гуногун бо иштироки сарояндагон ва ҳунармандони саршиноси кишвар ҳадафҳои худро роҳандозӣ карда, барои таъсир расонидан ба маърифати фарҳангии ҷомеа ҷаҳду талош хоҳад намуд.

-“Padida” танҳо аз фарҳанг мегӯяд… Бидуни сиёсат… Мақсади аслии сомона таъсир расонидан ба афкору маърифати фарҳангии ҷавонон, ба ҷомеа шинос намудани истеъдодҳои пинҳон ва аз нав зинда кардани оинҳои фаромӯшшудаи тоҷик мебошад. Инчунин, бо иттилооти дуруст ва фаврӣ таъмин намудани ҷомеа аз ҳаёти ситорагони ҳунар ва шахсиятҳои фарҳангии ватаниву хориҷӣ мебошад,- мегӯяд муассиси сомонаи мазкур Мусо Бобоҳоҷиев.

Бояд қайд намоем, ки сомонаи мазкур аз ҷониби хатмкунандагони факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва журналистони ҷавон таъсис дода шудааст.

Умедворем, ки сомона бо дастгирии рӯзноманигорони касбӣ ва ҷавони кишвар зина ба зина ба мақсадҳои худ ноил мегардад ва дар рушди фарҳанги миллии тоҷикон саҳми арзандаи худро хоҳад расонид.

Ба Хуршед Атовулло, Нусратулло Бобоев, Одили Нозир, Набиҷон Юсупов, Зоҳири Сайфулло, Фазлиддин Хоҷаев, Баҳманёр Надиров, Алишери Толиб ва дигар нафароне, ки замони корҳои омодагӣ ба таъсиси сомонаи мазкур фикру машваратҳои худро дареғ надоштанд, изҳори сипос менамоем. Барои машваратҳои техникӣ ва дизайни сомона ба Рустам Гулов ва Хайёми Сарахон миннатдории махсуси худро мерасонем.

Эрод ва пешниҳодҳои худро метавонед тариқи суроғаи зерин ба мо фиристед: gmail: Padida.tj@gmail.com

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here