Маҷаллаи “Нигоҳ ва Овоз”, ки дафтари асосиаш дар Британияи Кабир қарор дорад, назарпурсие дар бораи панҷгонаи филми беҳтарини ҷаҳон аз нигоҳи коргардонҳоро анҷом дод.  Дар назарпурсии мазкур 356 коргардонҳои маъруфи олами синамо иштирок карданд.

Квентин Тарантино, Гилермо дел Торо, Френсис Форд Коппола ва дигарон дар пурсиш ширкат варзиданд, ки ҷадвали панҷгонаро манзури хонандагони худ мегардонем.

«Қиссаи Токиё» («Токийская повесть») – филми офаридаи коргардони ҷопонӣ Ясудзиро Одзу, ки соли 1953 ба намоиш гузошта шуда буд, дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.

“Филми мазкур аз саргузашти як ҷуфти калонсоле қисса мекунад, ки барои дидорбинии фарзандонашон ба шаҳри Токио меоянд. Писар ба ҳайси пизишк ва духтарашон дар толори зебоие, ки худ кушодааст, ҳамчун пардозгар фаъолият мекунад. Фарзандон вақт намеёбанд, то бо падару модари худ нишаста сӯҳбат намоянд. Бинобар ин волидонро барои  истироҳат ба яке аз осоишгоҳи номӣ равон мекунанд. Истироҳатгоҳ ба пиронсолон писанд намеояд ва шаби дигар онҳо ба Токио бармегарданд. Қабл аз баргашт ба деҳа, модар бо ҳамсари бевамондаи фарзанди дигараш ва падар бо дӯстони қадимии худ вомехӯранд…” 

«2001 – ум сол: Одессияи кайҳонӣ» («2001 год: Космическая одиссея») – филми коргардони маъруф Стэнли Кубрик, соли 1968 ба навор гирифта шудааст, ҷойгузини садри ҷадвал аст. Филми мазкур дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ соҳиби шаш ҷоиза гардидааст. Дар маросими ҷоизасупории “Оскар” се ҷоиза: коргардони беҳтарин, муаллифи беҳтарин ва коргардон-таҳиягари беҳтаринро сазовор гардидааст.  Дар ҷашнвораи “BAFTA” ҷоизаҳои “Беҳтарин филм” ва “Созмони Миллали Муттаҳид”-ро соҳиб шудааст.

 Мо кистем? Дар сайёра чӣ ҷойгоҳе дорем? Ин саволҳоеанд, ки қаҳрамонони филм мехоҳанд ба инҳо ҷавоб ёбанд. Дастаи кайҳонавардони С.С Дискавери – бо сардории фармондеҳон Дейв Боумен ва Френк Пул мехоҳанд тавассути компютери ХЭЛ – 9000 кайҳонро аз назар гузаронанд ва фаҳманд, ки барои чӣ сокинони сайёраи дигар сайёраи заминро назорат мекунанд. Дар ин роҳ онҳо бо рӯйдодҳои ғайриоддие рӯ ба рӯ мешаванд, ки яке аз онҳо…”

«Шаҳрванд Кейн» (“Гражданин Кейн») – филмро коргардон Орсон Уэллс соли 1941, замони 25-сол доштанаш ба навор гирифтааст. Нақши асосиро худи коргардон бозидааст. Тайи чанд даҳсолаи охир дар назарпурсиҳо оиди беҳтарин филм ҷойи намоёнро мегирад. Филм соли 1941 ба намоиш гузошта мешавад ва худи ҳамон сол ҷоизаи “Совети миллии киномунаққидони ИМА”-ро барои филми беҳтарин соҳиб мешавад. Соли 1942 бошад, 9 ҷоизаи “Оскар”-ро аз худ мекунад: муаллифи беҳтарин, филми беҳтарин, коргардон, нақши асосии мардона, наворбардории касбӣ, танзим, мусиқӣ, ороиши саҳна ва сабти овоз.

  “Филм аз саргузашти медиамагнати муваффақ бо номи Чарлз Фостера Кейна қисса мекунад. Аввалҳо Кейн ҳаёти худро барои мардум бо расонидани хабарҳо мебахшад, вале пас аз чанде дар ӯ хоҳиши ногаҳоние бедор мегардад. Ӯ мехоҳад маблағи зиёде ба даст орад, то ҳукмфармои ҳамагон бошад. Яъне худдӯстдорӣ дар ӯ бедор мешавад. Дар ин замон ӯ…”

“Ҳашт ва нимаи он” (Восемь с половиной) – филмро коргардони итолиёвӣ Федерико Феллини соли 1963 ба навор гирифтааст. Филми мазкур дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби панҷ ҷоиза мегардад. Дар маросими “Оскар” се ҷоиза ба даст меорад: коргардони беҳтарин, муаллифи беҳтарин ва беҳтарин коргардон-таҳиягар. Дар ҷашнвораи “BAFTA” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва дар ҷашнвораи Гилдии коргардонҳои ИМА, бо ҷоизаи “Дастовардҳои назарраси коргардонӣ” сарафроз гардидааст.

“Таксирон” (Таксист”) – филми коргардони амрикоӣ Мартин Скорсезе, соли 1976 ба навор гирифта шудааст. Филм дар ҷашнвораҳо барои филмофарӣ соҳиби 15 ҷоиза гардидааст. Дар маросими ҷоизасупории “Оскар” ҷоизаро барои филми беҳтарин, беҳтарин нақши мардона ва занона, беҳтарин мусиқӣ дар филм ва дар ҷашнвораи “Курраи тиллоӣ” соҳиби ҷоизаҳои беҳтарин нақши мардона ва муаллифи беҳтарин гардидааст. Дар “BAFTA” бошад, ҷоизаро барои беҳтарин нақши мардона, беҳтарин филм ва беҳтарин танзимгар аз худ кардааст. Аз Совети миллии киномунаққидони ИМА филми мазкурро бо ҷоизаҳои ҳунарманди беҳтарин дар нақши дуввумдараҷа, наворбардории аъло ва беҳтарин филм қадрдонӣ кардаанд. Дар ҷашнвораи Гилдии коргандонҳои ИМА барои хизматҳои шоиста дар ҷодаи филмофарӣ ва беҳтарин муаллифи драмавӣ ҷоиза ба даст овардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here