Дар маводи мазкур, Шумо метавонед бо панҷгонаи филмҳои сердаромадтарини дунё ошно гардед.

Аватар (2009) – ин филм дар студияи “Marvel Studios”-и ИМА соли 2009 бо забони англисӣ рӯи навор омадааст. Коргардонҳои филм Ҷеймс Кемерон (Канада), Самуэл Ҳенри Ҷей Уортингтон (ИМА) ва Зои Салдана (ИМА) мебошанд, ки эшон аз ҷумлаи коргардонҳои муваффақи дунё ба ҳисоб мераванд. Филми мазкур 162 дақиқаро дарбар мегирад. Буҷаи ин филм бошад, 246 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Нахустнамоиши филми мазкур 10-уми декабри соли 2009 дар Лондон баргузор гардида буд. Филм аз санаи 16 то 18-уми декабри ҳамон сол дар сар то сари ИМА ва Канада ба намоиш гузошта шуд, ки дар муддати кӯтоҳ даромади филм 2 787 965 087 доллари америкоиро ташкил дод. Дар моҳи июли соли 2010 Ҷеймс Кемерон ба филм боз 9 дақиқаи дигар илова кард, ки дар намоиши гузаштааш набуд. Баъди дубора ба намоиш гузоштани филм боз 33 миллион доллари америкоии дигар фоида ба даст омад. Нақшҳои асосии филмро Сем Уортингтон, Сигуни Уивер, Стивен Ленг, Мишел Родригес, Ҷовани Рибизи, Ҷилип Рао, Лас Алонсо ва дигарон иҷро намудаанд. Филм аз рӯи 9 номгӯи ҷоизаи “Оскар” номнавис шуда, дар 3-тои он тавонист муваффақ шавад. Дар 67-умин маросими “Золотой глобус” (Курраи тиллоӣ) аз рӯи 4 номгӯ сазовори 2 ҷоиза шуд. Инчунин, филм ҷоизаи “Расми беҳтарин”-ро ба ақидаи “New York Film Critics Online” ноил гардидааст. Ҳамчунин, филм чандин ҷоизаҳои дигари байналмилалиро соҳиб гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки филм яке аз филмҳои сердаромадтарини дунё дониста шуда, пештар аз ин филми Титаник чунин пешсафиро касб карда буд.

Титаник (1997) – филм дар студияи “20th Century Fox”, “Paramount Pictures” ва “Lightstorm Entertainment” соли 1997 бо забони англисӣ дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Коргардонаш Ҷеймс Кемерон мебошад. Филм аз 195 дақиқа иборат буда, буҷаи он 200 миллион доллари америкоиро дарбар мегирифт ва даромадаш дар худи ҳамон сол 2 187 463 944 доллари америкоиро ташкил дод. Пас аз чанд сол коргардони филм тасмим гирифт, ки филмро маротибаи дуюм бо формати 3D омода намояд ва ин сабаб шуд, ки филм боз 10 миллион доллари америкоии дигарро ба даст биёварад. Нақшҳои асосиро актёрони маъруф Леонардо Ди Каприо, Кейт Уинслет, Билли Зейн, Билл Пэкстон ва дигарон бозидаанд. Дар соли 1997 ҷоизаи “Филми беҳтарин”-и солро соҳиб гардид. Инчунин, дар соли 1998 филм дар 14 номгӯи ҷоизаи “Оскар” номнавис шуда буд, ки сазовори 11-тои он гардид. Филм яке аз беҳтарин филмҳои ҷаҳониест, ки бо ба даст овардани ҷоизаҳои бештар рекордшикани ҳамон сол дар миёни филмҳо гардид, ки дар таърихи кинои ҷаҳонӣ бесобиқа буд. Бояд ёдовар шавем, ки филми зикргардида, то ҳол дорои 87 ҷоиза ва 48 номгӯ мебошад, ки 11-тои онҳоро ҷоизаи “Оскар” ташкил медиҳад.

Звездные войны: Пробуждение силы (2015) – ин филм бо дастгирии ширкати филмофарии “Lucasfilm” ва “Bad Robot Productions” соли 2015 ба навор гирифта шудааст. Буҷаи филм 200 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Даромадаш ба 2 068 223 624 доллари америкоӣ рост меояд. Филм аз 136 дақиқа иборат буда, бо забони англисӣ дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Коргардони филм Ҷефри Ҷейкоб Абрамс мебошад. Филм аввалин бор 14 декабри соли 2015 дар Лос-Анҷелес, 15 декабр дар Аврупо, 17 декабр дар Русия ва 18 декабр дар ИМА ба намоиш гузошта шуд. Банақшагирии филм аз 30 октябри соли 2012 шурӯъ шуда буд. Дар муддати 12 рӯз яку якбора филм даромади зиёде ба даст овард. Нақшҳои асосиро Ҷон Бойега, Дейзи Ридли, Оскар Айзек, Адам Драйвер, Донал Глисон, Харрисон Форд, Керри Фишер ва дигарон бозидаанд. Филм дорои 2 номгӯи ҷоизаи “BAFTA”, 8 номгӯи ҷоизаи “Сатурн” ва 3 номгӯи ҷоизаи “MTV Movie Awards” дар муддати 1 сол мебошад.

Мир юрского периода (2015) – филм бо дастгирии ширкатҳои филмофарии “Universal Pictures”, “Amblin Entertainment” ва “Legendary Pictures” соли 2015 дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Коргардони филм Колин Треворроу мебошад. Буҷаи филм 150 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Даромади филм ба 1 671 713 208 доллари америкоӣ рост меояд. Филм бо забони англисӣ наворбардорӣ шудааст. Давомнокии филм 125 дақиқаро ташкил медиҳад. Крис Прет, Ник Робинсон, Прайс Далас Ховард, Винсент Д`Онофрио, Тай Сапкинс ва дигарон иҷрокунандаи нақшҳои асосӣ дар филм мебошанд. Коргардон нақшаи филмро аз моҳи марти соли 2013 кашида буд ва ба наворгирии филм аз 14 апрели соли 2014 дар Гавая шурӯъ гардид. 27 ноябри соли 2014 аввалин қисми филм ва 20 апрели соли 2015 қисми дуюми он ба намоиш гузошта шуд. Сараввал номи филм «Парк Юрского периода 4: Исчезновение» буд ва дар моҳи сентябри соли 2013 номи филмро «Мир Юрского периода» гузоштанд.

Мстители (2012) – филм бо дастгирии ширкатҳои филмсозии “Marvel Studios”, “Walt Disney Studios” ва “Motion Pictures” соли 2012 ба навор гирифта шудааст. Коргардони филм Ҷос Уидон мебошад. Филм дар ИМА бо забони англиси ба навор гирифта шудааст. Давомнокии филм 142 дақиқаро ташкил медиҳад. Буҷаи филм 220 миллион доллари америкоӣ ва даромади филм 1 518 812 988 доллари америкоиро ташкил медиҳад. Нақшаи филм аз моҳи апрели соли 2005 кашида шуда буд. Моҳи майи соли 2008 баъди ба навор омадани филми “Железный человек”, киностудияи “Marvel” эълон кард, ки моҳи июли соли 2011 филми нав бо номи “Мстители” пахш мешавад. Баъди ба имзо расидани шартнома бо Скарлетт Йохансон дар моҳи марти соли 2009 намоиши филм ба соли 2012 гузаронида шуд. Дар моҳи апрели соли 2010 коргардонии филмро Ҷос Уидон ба ӯҳда гирифт. Филмро моҳи апрели соли 2011 дар Албукеркеи иёлоти Ню-Мексико, баъдан моҳи августи соли 2011 дар Кливленди иёлоти Огайо ва сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк ба навор гирифтанд. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм 11 апрели соли 2012 дар кинотеатри голивудии “Эл-Капитан” шурӯъ шуда, намоиши васеъ аз 25 апрели 2012 оғоз ёфтааст. Дар ИМА филм аз 4 майи соли 2012 ба намоиш гузошта шуд, ки дар тули 3 рӯз 207,4 миллион доллари америкоӣ ба даст овардааст. Нақшҳои асосиро Роберт Дауни хурдӣ, Крис Эванс, Марк Руффало, Крис Хемсворт, Скарлетт Йоханссон, Ҷереми Реннер, Самуэл Л. Ҷексон, Том Хиддлстон ва дигарон бозидаанд. Филм аз рӯи 62 номгӯ дорои 12 ҷоиза аст, ки онҳо ҷоизаҳои “Оскар”, “Annie Awards”, “Hollywood Film Festival”, “MTV Movie Awards”, “Teen Choise Awards” ва ғайра мебошанд.

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here