Шоми 22-юми апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2019”, ки тӯли як ҳафта идома дошт, бо тантана ҷамъбаст гардид.

Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро бо анҷоми он табрик намуда, якҷоя бо муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ба Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамчун асосгузори Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту”, ки имсол аз таъсисёбияш 30 сол пур мешавад, ҷоизаи навтаъсиси “Насли пуршараф” ва ба профессор Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Сайрам Исоева ва Носир Ҳасанов диплом барои саҳми назаррас дар рушди санъати театрӣ супорида шуд.

Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоишномаи “Фирдавсӣ” аз рӯи романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов супорида шуд.

Дипломи ҷои аввал ба ду театр, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои операи Амирбек Мӯсоев – “Хусрав ва Ширин”, либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов ва Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоишномаи “Қорӣ-Ишкамба” дар таҳияи Муҳиддини Музаффар тақдим карда шуд.

Ҷои дуюмро Театри драмавии русии ба номи Вл.Маяковский барои намоишномаи “Тартюф” аз рӯи асари Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов барои намоиши “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд” аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов соҳиб шуданд.

Ҷои сеюм низ насиби ду театр, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд барои намоишномаи “Пораи дили модар”-и Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши “Карим-Девона”-и Тӯрахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров гардид.

Дар номгӯи “Беҳтарин намоиши лӯхтак” Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон бо намоиши “Зумрад ва Қиммат” аз рӯи асари Наргиза Маҳкамова дар таҳияи Фатҳулло Хоҷаев беҳтарин дониста шуд.

Нозим Меликов барои таҳияи намоишномаи “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд” аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар номгӯи “Коргардони беҳтарин” қадр карда шуд.

Дар номгӯи “Беҳтарин нақши мардона” Фирдавс Қосимов барои иҷрои нақши шоир дар намоишномаи “Ватандорӣ” аз ашъори Лоиқ Шералӣ ва Хуршед Мустафоев барои иҷрои нақши Аргон дар намоиши “Тартюф”-и Жан Батист Молйер созовори диплом гардиданд.

Бо диплом дар номгӯи “Беҳтарин нақши занона” Марина Ярмолик барои иҷрои нақши Дарина дар намоиши “Тартюф”-и Жан Батист Молйер ва Шогун Давлатбекова барои иҷрои нақши Элес дар намоишномаи “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд” аз рӯи асари Чингиз Айтматов сарфароз гардиданд.

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар номгӯи “Беҳтарин ороиши мусиқӣ” бо диплом қадрдонӣ карда шуданд.

Дипломи номгӯи “Беҳтарин ороиши саҳна” ба Вафо Назаров барои операи Амирбек Мӯсоев – “Хусрав ва Ширин” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ супорида шуд.

Тоҳир Мамадризоев аз Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоишномаи “Баҳори Фаронса” дар номгӯи “Беҳтарин асари драматургӣ” соҳиби диплом гардид.

Номгӯи “Беҳтарин нақши эпизодӣ”-ро Надима Юсупова аз Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ барои иҷрои нақши Офелия дар намоишномаи “Ҳамлет” аз рӯи асари У.Шекспир соҳиб шуд.

Дар номгӯи “Мавқеи шаҳрвандӣ ва муҳимияти мавзӯъ” Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо намоишномаи “Баҳори Ваҳдат” аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев сазовори диплом гардид.

Ҳамчунин, Абдураҳмон Ғаниев аз Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд барои иҷрои нақши Шерзод дар намоиши “Пораи дили модар” аз рӯи асари Ҳалим Шариф бо ҷоизаи “Умед”, Абдураҳмонов Абдураҳим аз Театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар бо диплом барои дебюти коргардонӣ дар намоиши “Бӯрёкубони Харгӯшак” ва Фарзона Абдураҳмонова аз Театри ҷумҳуриявии драмаи мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон бо диплом барои дебюти ҳунарпешагӣ дар намоишномаи “Тақдир” қадр карда шуданд.

Инчунин, дар барномаи ҷамъбастии Фестивал-озмуни “Парасту-2019”, сарояндагони саршиноси кишвар Нигина Амонқулова, Фотима Машрабова, Хуҷастаи Мирзовалӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз 15 то 22-юми апрел Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2019” баргузор гардид ва дар озмун 18 театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои таи ду соли охир саҳнавӣ гардонидаи худро пешниҳоди тамошобинон ва ҳайати ҳакамон гардониданд. Ҷашнвораи имсола ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here