Шоми дирӯз, 20-уми майи соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Марафони шеъри сомонаи “Padida” ҷамъбаст гардид.

Марафони шеър бахшида ба зодрӯзи шоирони ширинбаёни тоҷик, Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат аз тарафи сомонаи “Padida” ва як зумра ҷавонони фаъол роҳандозӣ гардида, тӯли панҷ рӯз, аз 16 то 20-уми май идома дошт.

Парисо Давлатзода, хонандаи синфи 3-юми Литсейи тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ, дуюмин иштирокчии хурдсоли Марафони шеър бо қироати зебои худ корбарони шабакаи Фейсбукро ба ваҷд оварда, навори ӯро зиёда аз 11000 нафар тамошо ва 238 нафар бознашр намуданд. Ҳамин тавр ӯ ғолиби Марафон эълон гардида, соҳиби шоҳҷоиза-планшет гардид.

“Ман боварӣ надоштам, ки дар ин Марафон ғолиб меоям, зеро иштирокчиён хеле зиёд буданд. Аммо маро дастгирӣ карданду ман соҳиби планшет шудам”,-иброз намуд Парисо.

Дастандаркорони Марафон Шаҳноз Комилзода, Одили Нозир ва Мусо Бобоҳоҷиев низ боварӣ надоштанд, ки Марафони шеър ин қадар дӯстдорони шеъри Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноатро ба ҳам меорад, зеро шумораи иштирокчиён зиёда аз 50 нафарро ташкил медод.

“Ин нахустин Марафони шеъри сомонаи мо буд ва ман боварӣ надоштам, ки ин қадар мардум мароқ зоҳир мекунанд. Ҳатто аз Русияву Исроил, аз кӯдаки 6-сола то пири 80-сола ба мо навор сабт намуда равон карданд ва ҳоло ҳам равон карда истодаанд. Бори дигар ман ба бузургии устод Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат қоил шудам. Ба кулли иштирокчиёни Марафон бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории худро мерасонам”,-қайд намуд Мусо Бобоҳоҷиев, муассиси сомонаи “Padida”.

Ба дигар иштирокчиёни Марафони шеър аз тарафи ташкилкунандагони ин чорабинӣ ифтихорнома ва китобҳои шоирони номбурда ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда мешавад. Ин охирин Марафони сомонаи “Padida” набуда, дастандаркорон боз ният доранд, ки дигар озмунҳои ҷолибу шавқоварро роҳандозӣ намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here